Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдати миллӣ ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, халқи тоҷик фахр мекунем.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд ҳам, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам, аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад ва обод мешавад .
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Аз ин рӯ, мо бояд Ваҳдати асливу азалӣ ва якдилиро дар зеҳни насли имрӯзу фардо беш аз пеш бедор намоем.
Мо бояд, дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро дунболгир бошем. Маърифат ва ҳисси гиромидошти Ваҳдати миллиро дар руҳи мардум парвариш намоем. Руҳи ваҳдати аслиро тавассути омӯзиши таъриху фарҳанг дарк намуда, тақвият бахшем ва нагузорем, ки гуруҳҳои манфиатҷӯй, ки ниятҳои нопок доранд, ҳадафҳои худро дар кишвари мо амалӣ созанд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳамаи Шумо муборак бошад! Ҳамватанони гиромӣ!