Ваҳдати Миллӣ ба осонӣ ба даст оварда нашудааст.

Дар ҷаҳони муосир, ки бархўрди манфиатҳо рўз то рўз шадидтар мешавад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим мебошад. Равшан аст, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилонаву фаврӣ истифода бурдан ғолибияти ин ё он  кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Таърих худ гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар тули асрҳои зиёд зери шиканҷаву азоб ва тохтутози аҷнабиён қарор гарифтаю ба ҳамаи ин нигоҳ накарда,  тавонист, ки аз таъриху фарҳанг ва арзишҳои муқаддаси миллии худро ҳифз намояд. Номдорони таърих дар ҳама давру замон новобаста аз тақдирбозиву таърихсозии нотавонбинони ин миллат ҳатто ба ивази ҷон аз ҳудуди ҷуғрофӣ, арзишҳои миллӣ, сармояҳои ватании хеш муҳофизат кардаанд. Номи номдорони миллати тоҷик дар саҳифаҳои рушани таърих сабт шудааст ва амали эшон барои мо ҷавонони имрўза ва ояндасози миллат бояд сабақи ҳаётӣ бошад. Агар саҳифаҳои таърихро варақ гардонем, бори дигар шоҳиди он мегардем, ки таърих халқи тоҷикро бисёр имтиҳон кардааст ва ҳар як ин имтиҳон пўшти худ ҳазорҳо ҷони миллати тоҷикро рабудаву кўшиши инкор ва ба нестӣ расонидани ин миллати қадимиро дошт. Дар душвортарин лаҳзаҳои сарнавиштсози миллат, фарзандони баруманду номбардори миллат ба майдон омадаву аз ватану хоку оби сарзамини бобоии хеш ҳифз карданд. Мо ҳамарўза аз тариқи расонаҳои хабарӣ шоҳиди он мегардем, ки бештаре аз давлатҳои дунё паиҳам ба доми фиреби давлатҳои абарқудрат, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои сармоягузор афтодаву мустақилияти хешро аз даст дода, давлатҳояшон ба як харобазор мубадал гашта, занону кўдакон дар оташи ҷанг месўзанд ва қисми дигарашон бошад, аз ватан бе ватан гашта, ҷавонони гирифтори гурўҳҳои ифротгаро даст ба куштору террор зада ҷони худ ва садҳо нафари дигарро аз даст медиҳанд.
Миллати тоҷикро дар солҳои 1992-1993 манфиатдорони хориҷӣ гумроҳ карда, то ба ҷанги бародаркуш оварда расониданд, ки ин нобасомониҳо оқибатҳои даҳшатбору хунин дошт. Яъне бегонагон моро фиреб дода, ба ҳам душман сохтанд. Вале  хушбахтона тафаккури азалии миллати тоҷик ғалаба кард ва бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо боз ба ҳам омадем, сарҷамъ шудему сулҳу амнияти кишварро аз нав бунёд кардем. Яъне мо халқи тоҷик аз ин сабақи таърихӣ аллакай огоҳ ҳастему бояд имрўзҳо ба ивази ҷон бошад ҳам, аз сулҳи пойдори ватанамон ҳифз кунем, зеро сулҳу осоиштагӣ ин худ як давлати бузур аст. Вале бархе аз ҷавонони тоҷик ҳодисаҳои солҳои 1992-1993-ро фаромуш карда ва ё надида, фикри ваҳдат, сулҳу суббот, осоиштагӣ, оромии падару модар, ёру бародар ва зану фарзандонашонро накарда, мутаассифона имрўзҳо ба гурўҳҳои ифротгаро шомил мегарданд ва дар давлатҳои Шарқи Наздик, Сурияву Ироқ ва Афғонистон ҷанг мекунанд ва бо ин кирдорҳои ҷинояткоронаашон номи миллати тоҷикро доғдор месозанд, ба амнияти кишвар халал ворид мекунанд. Ин бисёр пурдард аст, ки дар ин раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҳеҷ як давлат наметавонад аз он дур бошад, бархе аз ҷавонони мо на аз паи донишу пешравии илму техникаи кишвар, балки дунболи хурофот, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ рафта, ба гурўҳу ҳизбҳои ба ном исломӣ ҳамроҳ шуда, дар кишварҳои бегона ҷони ҷавони худро дар хатар гузошта, дур аз мазҳабу имону виҷдони мусулмонӣ даст ба қатлу куштор мезананд, аз падару модаронашон руй мегардонанд, кўдаконашонро ятим месозанд. Ҳол он, ки мо Ватан, сарҳад, забони ягона, парчаму нишони худро дорем, ки аз иттиҳод ва як миллати воҳид будани мо дарак медиҳад. Бинобар ин, аз ҳар вақта дида, боз ҳам зиёдтар зарур аст, ки имрўзҳо мо халқи тоҷик, насли ҷавон, падару модарон, сохторҳои давлатӣ ҳушёрӣ, зиракӣ ва бедории сиёсӣ дошта бошем ва нагузорем, ки ягон манфиатдори хориҷӣ аз паи нобуд кардани фарҳангу тамаддун, таърихи ҳазорсола ва забону адабиёти ғании мо гардад, ҷавонони моро гумроҳ кунанду миллатро ба нестӣ расонанд. Бояд хотирасон намуд, ки Ваҳдати миллӣ ин ба таври осон ба даст оварда нашудааст ва имрўз аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бетарафиро пеша накарда, сарҷамъонаву оқилона, бо иродаи мустаҳкам ба сўи фардои дурахшон қадам гузорем, насли наврасро дар рўҳияи инсондўстию ватандўстӣ тарбия намоем ва Ваҳдати миллиро бо тамоми ҳастӣ нигоҳ дорем.  Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи Шумоён ҳамватанони азиз дар таҷлили ҷашни 24 — солагии Ваҳдати Миллӣ барору комёбиҳо таманно дорам