ТАНЗИМ ВА ОЌИБАТИ РИОЯ НАКАРДАНИ МЕЪЁРЊОИ ОН

Мавриди амал карор гирифтани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» дар њаёти шањрвандони Љумњурии Тољикистон як тањаввулоти љиддии фарњангию иљтимої ва дорои манфиати иќтисодї мањсуб меёбад.Таљрибаи беш аз дањсолаи ин ќонун собит намуд, ки дар раванди ба низом овардани маракаю маросимњо корњои муайян ба субот расидаанд.

Ќонуни мазкур, ќонуни миллї ба шумор рафта, бањри рушди љомеа, танзими њаёту фаъолияти њар як сокини мамлакат, пешгирии хурофоту шуњратпарастї, исрофкорї ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии ањоли мамлакат равона гардидааст. Њарчанд ин ќонуни миллї барои мардуми кишвар сабукї пеш оварда бошад њам, то њол њасатанд нафароне, ки талаботи онро нодида гирифта, даст ба исрофи бењуда мезананд.

Дар таќвияти ин гуфтањо метавон мисолњои зиёд овард. Аз љумла, чанде ќабл суди ноњияи Сангвор парвандаи  њуќуќвайронкунии маъмуриро нисбат ба сокини ноњия Сафаров Ќандулло Њандуллоевич баррасї намуд. Номбурда барои бар хилофи талаботи моддаи 6 ќисми 1 сархати 4 ва моддаи 11 ќисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон», ки мутобиқи он маросими «се», «чил» ва «сол» бе забњи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд, амал намуда, бидуни ќайд дар љамоати дењоти Чилдара маросими “Чил”-и марњум падарашро бо додани ду намуд таом гузаронидааст. Ин кирдори ў бо моддаи 481 ќисми 1 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст гардид. Номбурда дар мурофиаи судї ба кирдораш пурра иќрор шуда гуфт, ки онро бинбар нофањмї анљом додааст. Вале мутобиќи ќисми 2 моддаи 42 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, надонистани ќонун љавобгариро истисно намекунад.

Аз ин рў, суд Сафаров Ќ.Њ-ро дар содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї бо моддаи 481 ќисми 1 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунањгор дониста, нисбати ў бо дар назардошти њолатњои истисної љазоро дар намуди љарима ба андозаи 2900 сомонї таъин намуд.

Дар робитаи ба ин, барои њар як шахси масъулиятшинос ват ватандўст бояд таъкидњои пайвастаи Сарвари давлат барои риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон»  бо маќсади пешгирии харољотњои  зиёдатї ва исрофкорї дар маъракаю маросим дастури амал бошад. Тавре, ки таъкид намуданд: “Њамагон бояд дарк намоем, ки яке аз воситањои асосии ноил шудан ба шароити арзанда ва муназзами зиндагї мањз амалї шудани њамин ќонуни миллист”.

Бояд зикр намуд, ки коршиносони ватанї ва хориљї наќши ин ќонунро дар болоравии сатњи зиндагии мардуми кишвар эътироф намудаанд. Аз ин рў, њар як нафарро зарур аст, ки таъкидоти пайвастаи Пешвои миллатро дар масъалаи сарфаю сарриштакорї сармашќи кори худ ќарор дода, дар амалисозии миллї сањми муносиби худро гузорад.