ТАНЗИМ. ҚОНУНШИКАН 6000 СОМОНӢ ҶАРИМА ШУД

 Рӯйи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан ҳам, дар ҳаёти сокинони кишвар як таҳаввулоти ҷиддии фарҳангию иҷтимоӣ ва дорои манофеи иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи беш аз дувоздањсолаи қонун собит намуд, ки дар раванди ба низом овардани маъракаю маросим корҳои муайян ба субут расиданд.

Қонуни мазкур табиати сирф миллӣ дошта, барои рушди ҷомеа, танзими ҳаёту фаъолияти ҳар як сокини мамлакат, пешгирии хурофоту шуҳратпарастӣ, исрофкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронда шудааст. Ҳарчанд ин қонуни миллӣ барои мардум сабукӣ пеш овард, вале то ҳол ҳастанд нафароне, ки талаботи онро нодида гирифта, даст ба исрофи беҳуда мезананд.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо метавон мисолҳои зиёд овард. Аз ҷумла, чанде қабл суди ноҳияи Сангвор  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба сокини ноҳия Сангвор Мирзоев Њасан Назриевич баррасӣ намуд. Номбурда санаи 16 январи соли 2021 тахминан соати 18-50 даќиќа бар хилофи талаботи моддаи 9 ќисми 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он, маъракањои номгузорї, гањворабандон, чиллагурезон, мўйсаргирони тифл ва дигар маъракањои ба таваллуди кўдак вобаста дар доираи оила, бе забњи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд, амал намуда, барои писарчадор шудани фарзандаш як сар чорвои калони шохдоро забњ карда, хешу табор ва ањли дењаро даъват намуда, зиёфат оростааст. Ин кирдори ӯ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст гардид. Номбурда дар мурофиаи судӣ ба кирдораш иқрор шуда, гуфт, ки онро бинобар нофаҳмӣ анҷом додааст. Вале надонистани қонун касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

Аз ин рӯ, суд Мирзоев Њ.Н-ро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6000 сомонӣ таъйин кард.

Дар робита ба ин, барои ҳар як шахси масъулиятшинос ва ватандӯст бояд таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат барои риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкорӣ дар маъракаю маросим дастури амал бошад. Тавре ки таъкид намуданд: «Ҳамагон бояд дарк намоем, ки яке аз воситаҳои асосии ноил шудан ба шароити арзанда ва муназзами зиндагӣ маҳз амалӣ шудани ҳамин қонуни миллист».

Боиси тазаккур аст, ки нақши ин қонунро дар болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ эътироф намудаанд. Воқеан, таҷрибаи кишвари мо дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла доир ба танзими расму оинҳо, барои дигар давлатҳо омӯхтанист. Аз ин рӯ, ҳар як нафарро зарур аст, ки таъкидоти пайвастаи Пешвои миллатро дар масъалаи сарфаю сарриштакорӣ сармашқи кори худ қарор дода, дар амалисозии қонуни миллӣ саҳми муносиби худро гузорад.