Шанбегӣ дар Суди ноҳияи Сангвор

Бо мақсади иштирок дар татбиқи чорабиниҳои банақша гирифташудаи ободонию бунёдкорӣ ва таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 17 апрели соли 2021 дар суди ноҳияи Сангвор бо иштироки Роҳбарият, судя ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ гузаронида шуда, саҳни ҳавлии бинои суд ва гирду атрофи он бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои гуногун ободу зебо гардонида шуд.