Риоя накардани талаботи меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид.
Бо қарори суди ноҳияи Сангвор аз 14.06.2021 сол шаҳрванд Маҳмадуллоев Фахриддин Ризоевич барои он бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў талаботи моддаи 8 сархати 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки мутобиқи он падару модар уҳдадоранд, ки ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд, вайрон намудааст, ки аз ин бемасъулиятӣ фарзанди ноболиғаш Р.И.Ф. истифода бурда, санаи 06 июни соли 2021 тахминан соатҳои 13‑30 дақиқа ба оворагардӣ машғул шуда, дар соҳили дарёи Хингоб дар ҷои барои шиноварӣ муқаррарнагардидаи хафнок ба шиноварӣ машғул шуда, ҳаёти худро дар хатар гузоштааст.
Бинобар ин, падару модарон ва дигар шахсони масъулро зарур аст, ки садди роҳи ин беназоратиро гиранд, то ин ки ин беназоратӣ ягон оқибати вазнинро ба бор наорад.