Риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатии кормандони ҳифзи ҳуқуқ боиси ҷазо гардид!
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 01.08.2024 сол шаҳрванд М.А.А. барои он бо моддаи 93 прим 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шуд, ки ӯ гарчанде аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Сангвор бо амрномаҳои муҳофизатӣ оид ба ҳолатҳои содир накардани зӯроварӣ дар оила огоҳ карда шуда бошад ҳам, ба ин нигоҳ накарда санаи 22 июли соли 2024 тахминан соатҳои 10-00 дақиқа дар дасташ табар вориди манзили истиқоматии аъзоёни оилааш шуда, нисбати онҳо таҳдид ва зӯроварӣ нишон дода, бо мақсади тарсонидан ва таҳти фишори руҳӣ ва ҷисмонӣ қарор додани онҳо, бо табари дар дасташ буда, дару тирезаҳо ва болопӯши манзили истиқоматиашонро зада, пурра корношоям кардааст, ки аъзоёни оилааш аз тарси ӯ айни замон дар ин манзил зиндагӣ кардан намехоҳанд.
Қарори мазкур фавран мавриди иҷроиш қарор дода шуд.
Санксияи моддаи 93 прим 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз 5 то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар аз 360 то ба 720 сомон ва ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарўз пешбинӣ намудааст.
Бинобар ин, шаҳрвандонро зарур аст, ки даст ба ҳуқуқвайронкунӣ назананд, ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дигаро халалдор насозанд. Ҳуқуқ ва манфиатҳои дигаронро ба монанди ҳуқуқу манфиатҳои худ риоя ва ҳифз намоянд, то ин ки ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дучор нашаванд.
Раиси суд Салимзода М.Д.