ПАЁМ – КАФИЛИ ЗИНДАГӢ!

Вохӯрии раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода М. дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тибқи нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳот бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия доир ба таблиғи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд ва татбиқи супоришҳои Пешвои миллат дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2021 хотирмону муассир сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ нахуст раиси ноҳия Давлатзода М. ҳайати гурӯҳи кориро муаррифӣ намуда, раисони ҷамоатҳои деҳот оид ба корҳои иҷрошуда дар соли 2020 ва нақшаи тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соли 2021 ҳисобот манзур намуданд.

Ҳисоботи раисони ҷамоатҳои деҳот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ ба дастоварду мушкилоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳраки мазкур ақида иброз доштанд.

Давлатзода М. дар баромади худ қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар он ҳамчун чароғи роҳнамо ва пешабарандаи ҷомеа маҳсуб рафта, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардои ҷомеаро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, дар вохӯриҳо  зикр гардид, ки Пешвои миллат дар Маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оид ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушд додани саноат, афзун намудани теъдоди истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин роҳ таъмини сатҳи иҷтимоӣ, ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, касбомӯзӣ, дастгирии занон, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум, дастгирии деҳқонон, рушд додани соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи ҷаҳонро фаро гирифтани бемории ҳамагири Covid-19, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар ин радиф, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун баромадҳо намуда, иштирокдоронро оид ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ, масъулияти баланд доштан дар таъмину тарбияи фарзандон ва ҳангоми гузаронидани маросимҳои гуногун даст ба зиёдаравӣ назадани сокинон дастурҳои мушаххас доданд.

Дар ҳар як вохӯрию мулоқоти доиргардида атрофи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат иштирокчиён андешаҳои худро иброз доштанд.

Гуфта мешавад, ки илова ба ин, гурӯҳҳои таблиғотии таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисҳои таълими, чойхона – фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ  доранд.