Паём ҳамчун чароғи фурўзон, созгор ва пешбарандаи ҷомеа

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ санаи 26 январи соли 2021 оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ҳуқуқ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.  

Сарвари давлат, аз ҷумла зикр намуданд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин росто, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ муваззаф гардиданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. 

Дар Паём, инчунин, ба масоили фарогирии донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо назардошти боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ бо унвони «Илм — фурӯғи маърифат» гузаронда шавад. Изҳори умед карда шуд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.  

Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳарвақта ба ғолибони озмунҳо ва ҷавонони лаёқатманд ғамхории бемисл зоҳир намуда, Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро, муваззаф намуданд, ки онҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва волидон тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳадафи Сарвари давлат аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Тадбири дигари фараҳбахш дар ин самт, дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо буд. Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 дарсад зиёд карда шавад. Ин иқдоми наҷиб бори дигар аз шахсияти фарҳангӣ будани Президенти кишвар дарак дода, масъулияти ҷавонону донишҷӯёнро дучанд намуда, онҳоро ба арҷгузорӣ нисбат ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат ҳидоят мекунад.

Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Роҳбари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 — сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.

Ҳайати кормандони суди ноҳияи Сангвор ҳар як нуқтаи дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёншударо  мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати софдилонаю  поквичдонона ичро кардани вазифахои хизматиашон дар самти ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини волоияти конун, пешгирии конунвайронкунихо, ичро ва риояи якхелаи санадхои меъёри хукуки ва амали намудани роххои самараноки муковимат ба чиноят ва чинояткори беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳанд кард.