ОИЛА ВА МАҚОМИ ОН ДАР ТАРБИЯИ ИНСОН

 Дар масъалаи таълиму тарбия пеш аз ҳама ба оила рӯ овардани давлатамон асосҳои воқеӣ дорад. Он барои рафъи ниёзмандиҳои ҳаёти инсонӣ устувории ҷомеа зарур аст. Оила бошад, рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаб ва ҷои асосии тарбия аст. Оила дар заминаи қонун ҳам, муқаддас созмон меёбад ва он аз пайванди ду ҷинси ба ҳам мухолиф, пайванди заношӯӣ иборат буда, бо пайдоиш ва тавлиди фарзанд ранг ва ҷилваи хосе пайдо мекунад. Фарзанд  ҳамчун узви оила ва ҷомеаи инсонӣ бояд дар оянда ҳамчун  ҳимоятгари  Ватан ва ҷомеа ба воя расад.

  Оила мақоми асосии бо фарҳангу тамаддун, одобу суннатҳои миллӣ мусаллаҳ гардонидани фарзанд мебошад. Оила ҳалли бисёр масълаҳои  масъулиятнокро дар рушд, таҳавул, тарбия ва саодати инсонӣ ба ўҳда дорад. Оила ҷоест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад. Зинаи аввали зиндагӣ ва парвариши кўдак дар оила оғоз меёбад. Тифл ба асосҳои зиндагӣ  ва хубу бади умр дар он ҷо шинос мешавад. Ҳаёти оилавӣ заминае барои вуруд ба зиндагии иҷтимоӣ аст. Оилаи хуб беҳтарин мактабест, ки дар он мактаб кӯдак лабханд, хушҳолӣ, худдорӣ, бурдборӣ, вазифашиносӣ ва ахлоқро меомӯзад, инкишоф ва такомул меёбад. Вале оилаи чанчоли, бефарханг ва номуносиб бадтарин мактабест, ки дар он кӯдак дарси интиқом, ҷиноят ва дурӯягиро аз худ  мекунад.

Кӯдак бо табиати пок ва бенуқсон ба дунё меояд. Ӯро оила метавонад солеҳ ё фосид гардонад. Албатта, нақши наслро, ки аз аҷдод ба кӯдак интиқол меёбад ба назар нагирифтан мумкин нест, вале эътиқот дорем, ки тарбия,  махсусан дар оила ин сифатҳоро таҳти назар қарор медиҳад. Кӯдак мисли лавҳаи тозаест, ки дар он чизе навишта нашудааст. Оила шахсияти кӯдакро такмил медиҳад ва зиндагии ояндаи ўро мушаххас ва муайян мекунанд, дар вуҷуди кӯдак рӯҳи созандагӣ ё вайронкориро эҷод мекунад, ки дар натича кӯдак хамчун шахси харобкор  ва ё ободкор ба воя мерасад.

Оила нахустин ҷоест, ки дар он тифл тасаввуроти дуруст ё нодурустро аз зиндагӣ пайдо мекунад. Эҳсосоти қавӣ ё заифро ба даст меорад. Муҳаббати содиқонаи мо дар оғўш гирифтан ва навозиш кадан, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдак зоҳир мегардад. Оила аз тарафи дигар, воситаи асосие барои интиқоли одоб ва ахлоқ, расму русум ва суннатҳои саҳеҳ ё ғалат аст. Кӯдак дар оила ахлоқ, эътимод ба нафс, покӣ, эҳтиром ба қонун, ба инсоният  ва ё хусумат, кинаварзӣ, интиқом, сахтсарӣ ва ғайраҳоро меомӯзад. Яъне нақши оила дар ин ҷанбаҳо низ дорои аҳамияти махсусан мухим аст.

Кӯдак дар ҷое ба дунё  меояд, ки дорои фарҳанги арзёбишуда ё бефарҳанг аст. Тифл аз мушоҳида ва алоқа  бо волидайн, бо тамоми соҳаҳои  оилавӣ дар чорчӯбаи муайян шинос ва аз ҳамон рӯзҳо ва моҳҳои аввали ба дунё омаданаш ин фарҳангро ба воситаи волидайн ва пайвандон аз худ менамояд ва бар ин асос зеҳн ва афкори ӯ ташаккул меёбад. Яъне, ба як қолаби муайн медарояд ва ӯ роҳи зиндагии  иҷтимоиашро пайдо мекунад. Пас соҳиби чӣ гуна фарҳанг шудани кӯдак ба завқ ва назари падару модар ва худи  кӯдак вобаста аст. Рушди кофии кӯдак ҳам ба ҳамин вобастааст.

Дар боби касб ҳам маълумоти умумӣ пайдо кардан ба оила вобаста аст.  Тифл дар оила бештар чизеро меомӯзад, ки ба он бештар завқ дорад. Забон ва муколама, роҳ рафтан ва одоби зиндагиро кӯдак дар оила аз волидайн ёд мегирад. Аз тарафи дигар он чизеро, ки тифл дар оила меомӯзад, аз китоб фаҳмида наметавонад. Кӯдак дар оила амалан дарси меҳру муҳаббат, самимият ва ҳамкориро ёд мегирад. Шараф, иззати нафс ва садоқати софро меомӯзад. Волидайн ба кӯдак бовиҷдонӣ,  покдилӣ  ва порсоиро ёд медиҳанд. Тифл ин масъалаҳоро ба ғайр аз оила, дар дигар ҷой беҳтар ва бештар фаро гирифта наметавонад.

Оила асоси чомеаро ташкил дода, нахустин сарчашмаи хубӣ ва бадии ҷомеа ба хисоб меравад. Аз он ҷиҳат, ки асоси фикри кӯдак дар оила гузошта мешавад ва падару модаркасоне ҳастанд, ки ӯро брои ҷомеа хуб ё бад тайёр менамоянд. Оиларо метавон нахустин муассисаие ҳисоб кард, ки фардро  ба зиндагии иҷтимоӣ тайёр мекунад, тахайюлоти иҷтимоӣ эътиқодоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеалҳо ва ғайраҳоро инкишоф медиҳад. Аз тарафи дигар, оила манбаи ҳар гуна хайр ва баракат, неъмату саодати ҷомеа аст. Тифл дар оила одоби муайяни зиндагӣ ва иҷтимоиро меомӯзад, дарси фидокорӣ, муҳаббат, садоқат ба халқи худ, ҳамкориро ёд мегирад ва онро дар симои худ мепарварад. Бо сабаби он, ки оила як ҷузъи ҷамъият аст, дорои сифатҳои мухталиф ва бо худ хос мебошад. Ҳаёти оилавӣ бояд муқаддимаи ҳаёти  иҷтимоӣ  бошад ва тифл барои ҳаёти ҷаъиятӣ пухта ба камол расад. Оила бояд, аз як тараф, маркази  тандурустӣ, беҳдошти ҷисмонӣ ва ақлӣ ва аз тарафи дигар маркази тарбияи ҷисм, рушди психологӣ ва аз тарафи сеюм, маркази омода кардани фард ба ҳаёти иҷтимоӣ бошад.

Хулоса, оила аввалин ва муҳимтарин ҷойи тарбия, эҳё ва гулгулшукуфии  истеъдодҳост. Ҳар гуна дигаргунӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бояд аз он ҷо оғоз ёбад ва ҳар як иқдоми нек бояд, пеш аз ҳама дар оила сурат гирад.