НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ШАХСРО АЗ ҶАВОБГАРӢ ВА ҶАЗО ОЗОД НАМЕКУНАД!

Бояд хотирасон намуд, ки санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, қабул намуд. Тибқи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад.

Моддаи мазкур аз се қисм иборат мебошад.

Дар диспазитсияи қисми 1-и ин модда чунин омадааст; «Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо(аз 27350 то 41025 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Дар диспазитсияи қисми 2-и моддаи мазкур, чунин дарҷ гардидааст; ҳамин кирдор агар;

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

в)аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо(аз 60000 то 90000 сомонӣ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Тибқи қисми 3-и ин модда, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар;

а) ба миқдори махсусан калон;

б) аз ҷониби гуруҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Миқдори калон ва миқдори махсусан калон дар эзоҳи моддаи 244 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст, ки мутобиқи он таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои боби 26 андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёдтар (75000 сомонӣ) мебошад.

Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар(150000 сомонӣ) мебошад.

Ҳамзамон, дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи мазкур (ба истиснои қисми 3) пешбинишуда агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбурда пешбинигардида таъин карда мешавад.

Вобаста ба ин ба моддаи 49 Кодекси мазкур тағйири дахлдор ворид карда мешавад.

Тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба чунин мазмун ворид карда шуд:

Тибқи диспазитсияи моддаи 382 Кодекси њуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо(аз 1500 то 2250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо(аз 2250 то 3750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо( аз 15000 то 22500 сомонӣ) татбиқ карда мешавад.

Боиси хурсандист, ки то ба ин рӯз дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби сокинон чунин қонунвайронкуниҳо содир нагардидааст.

Ҳамзамон, дар баробари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, барои ба мардум фаҳмондани муҳтавои ин қонунҳо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби фаъолон гуруҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шудааст ва дар доираи имкониятҳо  бо сокинони ноҳия суҳбату вохӯриҳо доимо доир карда мешаванд ва меъёрҳои қонунҳои номбурда ба ҳар як сокини ноҳия фаҳмонида шуданд. Дар баробари ин, пайваста ба муқобили вайронкунандагони қонун чораву тадбирҳои лозима андешида мешавад. Аз ин рў шаҳрвандонро зарур аст, ки қабл аз даст задан ба чунин қонунвайронкуниҳо даст болои дил мегузоштанд ва андешаи оқибаташро мекарданд. Баъди содир намудани қонунвайрокунӣ дигар пушти даст газиданҳо чӣ суд?

Масъулини суди ноҳияи Сангвор масъалаи мазкурро барои он манзури хонандагони сомона гардониданд, ки дониши ҳуқуқии онҳо дар ин самт баланд гардад, онҳо аз рӯи надонистани қонунҳо даст ба қонуншиканӣ назананд, ки он боиси доғдор гардидани худ ва зарар дидани иқтисоди оилавиашон гардад.

 

Раиси суди ноҳияи Сангвор                                                   Салимзода М.Д.