МАЗМУН ВА МОҲИЯТИ ҶИНОЯТИ БАНДИТИЗМ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 186-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мафҳуми бандитизм- ин ташкили гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин гурўҳи(даста) фаҳмида мешавад.

Дараҷаи баланди хавфнокии бандитизм дар он ифода мегардад, ки он ғайр аз таҷовуз кардан ба амнияти ҷамъиятӣ, инчунин таҳдиди воқеиро нисбат ба бехатарии шахсии шаҳрвандон ва молу мулки онҳо, ҳамчунин барои фаъолияти мўътадили сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар соҳаҳои гуногуни фаолият, аз он ҷумла фаъолияти иқтисодӣ, ба вуҷуд меоварад.

Зери гурўҳ (даста) бояд гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувори созмонёфтае фаҳмида шавад, ки аз ду ё зиёда шахс иборат буда, пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот муттаҳид  шудаанд.

Аз дигар гурўҳи созмонёфта гурўҳ (даста) бо мусаллаҳӣ ва мақсади ҷинояткоронаи худ – ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот тафовут дорад.

Аломатҳои зерин аз устувории гурўҳ (даста) шаҳодат дода метавонанд: босуббот будани ҳайати гурўҳ (даста); вобастагии зич миёни аъзоёни он; бо ҳам мувофиқ карда шудани ҳаракатҳо байни онҳо; тағйирнопазирии шакл ва усулҳои фаъолияти ҷинояткории онҳо.

Аломати ҳатмии гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор, ки бо моддаи 186-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ин яроқнокии он мебошад. Пеш аз ҳама ин силоҳи  оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ, силоҳи сарди истеҳсоли саноатӣ ва худсоз, ҳаргуна воситаҳои тарканда, силоҳи газӣ, пневматикӣ фаҳмида мешаванд. 

Гурўх (даста)  мусаллаҳ  эътироф  мешавад, ҳатто дар мавриди  мавҷуд будани силоҳ дар дасти яке аз аъзоёни он ва аз ин огоҳ будани дигар аъзоёни гурўҳ (даста).

Мафҳуми силоҳ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» аз 1- феврали соли 1996, № 232 дода шудааст. Силоҳ гуфта дастгоҳҳо ва ашёҳое, ки таркибан барои зарба задан ба ҳадафи зинда ва дигар нишон таъин гардидаанд, инчунин қисмҳои асосии силоҳ, ки вазифаи онро муайян месозанд, фаҳмида мешавад.

Аз ин бармеояд, ки дар ҳолате, ки агар даста бо предметҳое, ки ба сифати силоҳ истифода мешаванд, мусаллаҳ шуда бошад (теғ, табар, мисрон, ва ғ.), новобаста аз он, ки бо воситаи онҳо ба ҷабрдида имконияти расонидани зарари барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок мавҷуд аст, чунин ҳолат ба аломати «мусаллаҳи» мувофиқат намекунад ва чунин гурўҳ чун бандитизм бандубаст карда намешавад. Дар ҳолати мавҷуд будани силоҳ ё предметҳои корношоям, ки ба силоҳ  монанданд (масалан, моделҳои автомат ё таппонча)  аломати мусаллаҳии гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувори бандитизмро ташкил намедиҳад. Дар ин ҳолат кирдори гурўҳи (дастаи)  мусаллаҳи  устувори ҷинояткорона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои

роҳзанӣ ё дигар ҷиноят банду баст карда мешавад, на барои бандитизм  бо моддаи 186-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зери мафҳуми ташкил намудани гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор чунин ҳаракатҳое фаҳмида мешаванд, ки дар натиҷаи он гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор бо мақсади содир намудани ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот таъсис дода мешавад. Ин дар қабул намудани қарор оид ба таъсиси чунин гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор, маслиҳат оид ба ҷалб намудани шарикон, дарёфтани яроқ, тартиб додани нақша ва тақсими вазифаҳо байни аъзоёни гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор ифода меёбад.

Мақсадҳои мушаххасе, ки чунин дастаи мусаллаҳи устувор дар назди худаш гузоштааст, аз тарафи қонун муайн карда нашудааст ва бинобар ин онҳо мумкин аст гуногун бошанд, мисол, бо мақсади куштор, тасарруфи молу мулк, таҷовуз ба номус, ғасби гаравгон, рабудани одамон, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ва ғайра.

Таркиби ҷинояти бандитизм расмӣ буда, ташкил намудани гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор новобаста аз оне, ки ҷиноятҳои ба нақша гирифташуда содир шудаанд ё не, ҷиноят хотимаёфта дониста мешавад.

Дар ҳолате, ки ҳаракатҳои фаъолона ба таъсис додани гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор равона шуда, бинобар саривақт пешгирӣ намудани он аз   ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё бо дигар сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда бо таъсис ёфтани гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор оварда нарасонидааст, ҳаракатҳои мазкур бояд ҳамчун сўиқасди ташкили гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор бо қисми 3 моддаи 32 ва моддаи 186-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда шавад.

Таҳти мафҳуми роҳбарӣ намудан ба гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор қабул намудани қарорҳое, ки бо тартиб додани нақша, таъминоти моддии ташкили фаъолияти ҷинояткоронаи даста, инчунин ба содир намудани ҳуҷумҳои мушаххас  алоқаманд мебошанд, фаҳмида мешавад.

Мафҳуми иштирок кардан дар гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор на танҳо бевосита иштирок намудан дар ҳуҷумҳои анҷоммедодаи он, инчунин аз ҷониби аъзои даста иҷро кардани дигар ҳаракатҳои фаъолонаро дар назар дорад, ки ба маблағгузорӣ, таъмини силоҳ, воситаи нақлиёт, ҷустуҷў намудани объектҳо барои ҳуҷум ва ғайра равона шудаанд.

Мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 186-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бандитизм иштирок дар ҳуҷуми анҷоммедодаи он ҳаракати чунин шахсе низ банду баст карда мешавад, ки аъзои гурўҳ (даста) намебошад, вале дарк мекунад, ки дар ҷиноятҳои аз ҷониби гурўҳ (даста) анҷоммедода иштирок дорад.

Ҳаракати шахсе, ки аъзои гурўҳи (дастаи) мусаллаҳ набуда ва дар ҳуҷумҳои содиршудаи он иштирок накарда, аммо дар фаъолияти ҷинояткоронаи он мусоидат кардааст (масалан, таъмин намудан бо хўрок, расонидани ёрии тиббӣ, расонидани ёрии молиявӣ ва ғ.), бояд бо моддаҳои 36, 186-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда шавад.

Зери мафҳуми ҳуҷум чунин ҳаракатҳое  фаҳмида мешавад, ки он барои ноил шудан ба натиҷаҳои ҷиноятӣ бо роҳи истифодаи зўроварӣ нисбат ба ҷабрдида ва ё бо роҳи ба миён овардани таҳдиди воқеӣ оид бо истифодаи зўроварӣ равона карда шудааст.

Ҳуҷуми гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор дар сурате низ анҷомёфта  эътироф  карда  мешавад, ки агар аъзоёни гурўҳ (даста) яроқи мавҷудбударо истифода набурда, ба мақсади ҷиноят аз ҳисоби таҳдиди  шифоҳӣ ё воқеӣ истифодаи он нисбати ҷабрдида ҷой дошта бошанд.

Иштирокчии гурўҳи (дастаи) устувор (иштирокчии гурўҳи муташаккил),  ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият ҳозир шуда, то содир гардидани дигар ҷиноят дар ошкор намудани нияти ҷинояткорона фаъолона мусоидат намудааст, агар дар кирдори ў аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Содир намудани ҳар гуна шакли бандитизм, ки бо қонун пешбинӣ шудааст танҳо бо қасди бевосита имконият дорад.

Субъекти ҷинояти мазкур шахси ба синни 16 -сола расида шуда метавонад. Шахсони аз синни 14 то 16 -сола, ки ҳар гуна ҷиноятро дар ҳайати гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор содир намудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо барои ҳамон ҷиноятҳои мушаххас, ки ҷавобгарии ҷиноятиро аз синни 14- солагӣ пешбинӣ намудааст, кашида мешавад (моддаи 23-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Бандитизм аз дигар ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гурўҳи шахсон бо истифодаи зўроварӣ (қисмҳои 2 ва 3 моддаи 248, қисми 3 моддаи 249-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) содир шудааст, бо дараҷаи баланди ташкилии дохила, устуворӣ, муттаҳидӣ, яроқнокии ҷинояткоронаи  гурўҳ (даста)  фарқият дорад.

Аз ҷумла, бандитизм бо аломатҳои зерин аз роҳзанӣ фарқ мекунад:

бандитизм мавҷудияти яроқнокиро дар аъзоёни гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор талаб менамояд, ҳангоми содир намудани роҳзанӣ бошад на танҳо мавҷудияти яроқ, балки истифодаи он зарур аст;

-ҳангоми роҳзанӣ ба сифати яроқ предметҳое, ки аслан яроқ намебошанд истифода бурда мешаванд, барои таркиби бандитизм бошад, мавҷудияти яроқҳо, ки махсус барои нобуд сохтани нишони зинда таъин шудааст, ҳатмӣ мебошад;

-таркиби бандитизм аз лаҳзаи ташкил кардани гурўҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор, роҳзанӣ бошад аз лаҳзаи ҳуҷум бо мақсади тассаруфи молу мулки ғайр, ки бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ содир гардидааст, хотимаёфта эътироф карда мешавад.