Мактаби ҳаёт, мардонагиву далерӣ ва шуҷоат
“Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки Шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Артиши миллӣ рукни муҳими давлат ва сипари боэтимоди Ватан аст. Саодати бузург аст, ки Тоҷикистони азиз бо бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳақиқат зодаи даврони Истиқлол мебошад, амалан ташкилоти ҳарбиро соҳиб гашт. Сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ қарзи пуршарафи худ ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи амнияту осоиштагии мардумро ба ҷо меоранд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони бо ору номуси миллат дар таъмини сулҳу субот, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмати Ватан-Модарро сарбаландона ба ҷо меоранд ва ба савганди ёдкардаи хеш содиқанд.
Бешубҳа, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон мебошад ва ҷавонони синни даъватӣ бояд хизмати Ватан‐Модарро сарбаландона иҷро намоянд. Барои насли ояндасози кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт ва мардиву ҷасорат аст. Маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонписарон сабақи шуҷоату садоқатмандӣ гирифта, муҳофизати хоки поки Ватанро меомӯзанд. Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишвар аст. Намунаи беҳтарин изҳори ватандӯстӣ хизмат кардан ба Ватан аст. Шароит дар қисмҳои ҳарбӣ хуб аст, албатта дар оғоз кас ба фазо ва муҳити тамоман дигар ворид мешавад, дурӣ аз пайвандон, аз хонаву дар моҳҳои аввал эҳсос мешавад, лекин мард бояд обутоб ёбад. Хизмати ҳарбӣ ин мактаби ҳаёт, мардонагиву далерӣ ва шуҷоат аст набояд аз ин мактаб гурехт.