Магар маърифати оиладорӣ суст аст?
Дар бораи гирифторшавии занон ба хушунат коршиносон ва таҳлилгарон як қатор сабабҳоро пеш меоранд. Гуфта мешавад, ки омода набудан ба зиндагии мустақилона, паст будани маърифати оиладорӣ, ноогоҳӣ аз нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, камтаҳаммулӣ аз омилҳои маъмулии гирифторшавӣ ба хушунат аст. Коста шудани маърифати оиладорӣ аз омилҳои авҷи ин зуҳурот мебошад. Якдигарнофаҳмӣ, набудани ҷои зисти шахсӣ, набудани эҳтиром байни зану шавҳар, дахолати дигар аъзои оила, аз ҷиҳати иқтисодӣ тобеъ будани зан ба шавҳар ва баръакс, бемасъулиятӣ оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳарӣ, бекорӣ ва камбизоатӣ низ сабабҳои асосии пайдоиши зӯроварӣ дар оила мебошад. Дар бораи зиёд шудани хушунатҳои оилавӣ таҳлилгарон аз як сабаби дигар низ ном мегиранд. Гуфта мешавад, ки ҳамакнун занон дар қиёс ба солҳои гузашта аз хушунат бештар садо баланд мекунанд. Зеро зани тоҷик нисбат ба солҳои пеш хеле тағйир ёфтааст: ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам фаҳмиш. Дар ин шабу рӯз занон бештар ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд ва дар муқобили хушунат хомӯш намеистанд. Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳанд, ки воқеан фаҳмиш ва дониши ҳуқуқии занон нисбат ба солҳои пеш баландтар шудааст ва акнун намояндагони ин қишри ҷомеа аз ҳуқуқҳои худ бевосита ва ё бавосита бештар дифоъ мекунанд. Агар пештар аксарияти занон муроҷиатро аз хушунат айб ва ор медонистанд, ин фаҳмиш торафт аз байн рафтаистодааст. Ҳамакнун аксарияти занон дарк намудаанд, ки сабр дар муқобили хушунат пайомади хуш надорад ва онро бояд зуд ва ё дер бартараф намуд.