КОНСТИТУТСИЯ

НИШОНИ  ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР

Шашуми ноябри соли равон 27-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон бо тантана қайд мегардад.

Аз рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар, давоми 27-сол  дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба бисту ҳафт соли қадамҳои устувор дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд шабеҳӣ дорад.

Конститутсия давлати моро ҳамқадами давлатҳои пешрафта гардонид. Бо Конститутсия мо тавонистем рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатиамонро таъмин намоем.

     Ба шарофати қабули Конститутсия пояи Истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам карда шуда, заминаи ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳо барои солҳои минбаъда фароҳам оварда шуд.

Ҳамагон дар хотир дорем, ки солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ кишвари мо дар асоси нақшаҳои таҳрезигардидаи душманони дохилию хориҷии миллат ба ҷанги мусаллаҳонаи шаҳрвандӣ кашида шуда, бар асари ин ҷанг сохти конститутсионӣ пурра аз байн рафта рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Муноқишаи мусаллаҳона байни гурӯҳҳои силоҳбадаст авҷ мегирифт. Ягон мақомоти босалоҳият вуҷуд надошт, ки тарафҳои даргирро ба созиш оварда  қонуниятро таъмин намояд.

Бешубҳа имрӯз мо метавонем иброз  намоем, ки бо баргузор гардидани Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии кишвар соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи тозаи таърихӣ кушода шуд.

Бо саъю кӯшиши  Сарвари давлат дар Иҷлосия 16-ум аввалин Қарорҳо оид ба хомӯш  намудани ҷанги мусаллаҳона байни  тарафҳои даргир, сарҷамъ овардани гурӯҳҳои мусаллаҳ, авфи иштирокчиёни муноқишаҳо ва чандин дигар санадҳои тақдирсоз қабул карда шуданд, ки тадбиқи амалии ин санадҳо барои таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдории муосири миллиамон имконият фароҳам оварданд.

Ниҳоят санаи 06 ноябри соли 1994 бо мақсади собитқадамона амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ, таъмини  фаъолияти самарабахши ҳамаи шохаҳои  ҳокимият ва идораи давлатӣ, фароҳам сохтани шароит барои сари вақт амал кардани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таҳкими замина барои аз буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ баромадани ҷумҳурӣ, минбаъд муътадил гардидани вазъи сиёсии дохилӣ, ба даст овардани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, баҳри ҳифзи Эъломияи истиқлолияти давлатӣ, бо дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул карда шуд.

    Бо қабул карда шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбиқи амалии меъёрҳои он дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла дар натиҷаи татбиқи меъёрҳои Конститутсия дастоварди дигари арзишмандтарин барои халқу миллат, яъне музокироти миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд, аз 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Созишнома дар баробари ҳалу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ мекард. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо 26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки давраи нави рушду такомули давлату давлатдории миллиро таъмин намуданд.

Ҳамзамон пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда ба талаботи давру замон мувофиқ гардонида шаванд. Ҳамин буд, ки як гурӯҳ аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо ташаббус баромад намуда, санаи  22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм  тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

          Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамуд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

     Ин имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».

      Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида, ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд.

Ҳамин буд, ки санаи 22 майи соли 2016 маротибаи сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

    Аз рӯзи қабули Конститутсия то ба имрӯз дар  асоси ин санади олии ҳуқуқӣ баҳри эҳё намудани рукнҳои давлатдорӣ ва эҳё намудани давлати нави тоҷикон чандин барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, Қонунҳои конститутсионӣ, Кодексҳои соҳавӣ, садҳо қонунҳои мутобиқ ба муносибатҳои муосири ҷамъиятию давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки дар натиҷаи тадбиқи онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати комилан ҳуқуқбунёд табдил дода шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар моддаи 1-и он гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Ҳамчунин дар моддаи 7-и он дарҷ ёфтааст, ки ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Барои тасдиқи ин муқаррароти Конститутсия гуфтан мумкин аст, ки дар тадбиқи амалии меъёри мазкур Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақши аввалиндараҷа дошта, давлат метавонад истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии худро пеш аз ҳама бо баланд бардоштани иқтидори мудофиавии худ, яъне ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи худ таъмин намояд. Чӣ қадаре ки қонуният дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар устувор бошад, ҳамон қадар Истиқлолияти давлатӣ дахлнопазир хоҳад шуд.

Дар моддаи 19 дарҷ ёфтааст, ки ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. 

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад, гуфта мешавад дар моддаи 20-уми Конститутсия.

  Дар моддаи 43 омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, тақкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Ҳар хизматчии ҳарбӣ бо хизмати содиқона ба Ватан метавонад баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвари худ саҳми арзандаи хешро гузорад.

Боби ҳаштуми Конститутсия пурра ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар моддаи 84 чунин омадааст: ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

     Бояд ёдовар шуд, ки баҳри тадбиқи меъёрҳои Конститутсия аксарияти қонунҳои ҳаётан муҳим аз қабили: Кодекси мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии иқтисодӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, чандин қонунҳо «Дар бораи Авф», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шуда» ва даҳҳо дигар қонунҳои ҷавобгӯ ба муносибатҳои имрӯзаро мисол овардан мумкин аст.

    Таҳкими минбаъдаи давлатдории миллиамон қабл аз ҳама аз эҳтиром, риоя ва тадбиқи самараноки меъёрҳои Конститутсия аз ҷониби кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ махсусан мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судяҳо вобастагии пайвандӣ дорад. Аз ин лиҳоз мо ҳамеша омода ҳастем, ки баҳри ҳифзи Қонуни асосии давлатамон тамоми донишу малакаи худро равона созем.

          Аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуда, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро тамано дорам.

Раиси суди ноҳияи Сангвор                                      Салимзода  М.Д.