Маркази матбуот Хабарҳо (Page 4)

Хабарҳо

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон
Муҳтарам ҳамкасбон ва собиқадорони гиромӣ! Шуморо бо иди касбӣ-Рӯзи кормандони мақомоти судӣ, ки ҳамасола санаи 26 октябр ҷашн гирифта мешавад,самимона табрику таҳният гуфта, дар ин кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихор барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно дорам. Ид муборак!
Магар ба он каждумон наҳзатӣ он рӯзҳои хунине, ки Ватани азизамон аз сар гузарондааст кифоя нест, ки он солҳои хунинро низ ҳамин шахсони насҳатбоз ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил додаанд. Он ҷанги шаҳрвандӣ чи қадар барои мардуми осоиштаи кишвар офатҳои зиёдеро ба миён овард. Ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳ аз дасти он қотилон фавтиданд, ҳазорон шаҳрвандон аз […]
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии худро мустаҳкам намуда, минбаъд сиёсати мақсадноки худ созандагӣ ва бунёдкориҳои иқтисодию иҷтимоиро давом дода истодааст. Аз ин рӯ кулли тағйиротҳое ки дар мамлакат ба вуҷуд омаданд, исботи он аст, ки имрӯз ҳар як сокини мамлакат дарк кард ва фаҳмид, ки Тоҷикистон ба сӯи ояндаи нек қадамҳои […]

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашни миллиест, ки рӯзи 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Таърих: Ҳаракати дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX, аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзӯъ дар матбуоти кишвар сар зад. Зери таъсири чунин иқдомҳо ва шояд барои паст кардани шиддати вазъият дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон (№ 127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар бораи густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд. Вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рӯзи қабули қонуни «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ба се забон — тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ (№ 142, аз 11 августи соли 1989) қабул гардид. Қонуни мазкур барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян сохта буд: «Муқаррар карда шавад, ки дар органҳои ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар давраи гузариш аз соли 1990 то соли 1995 коргузорӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ буда, аз якуми январи соли 1996 ба забони давлатӣ сурат мегирад. Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид ва тибқи қонун забони тоҷикӣ (форсӣ) дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Мардуми Тоҷикистон бо шӯру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, бо ташаббуси Зафар Нозим «Бунёди забон» таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономӯзӣ ташкил карда шуд. Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992 ва нисбатан ором гаштани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи ҳалли масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, соли 1994 Қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи ҷашн гирифтани Рўзи забон» ба имзо расид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007—2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ҳамватанонро ба ин рӯзи фирӯз аз самими дил табрик намуда ба Шумоён осмони софу ватани орому ваҳдати доимиро таммано дорам. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед

ҲАРГИЗ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД КАСЕ, КИ ХИЁНАТ МЕКУНАД! Истилоҳи бадӣ, зишткорӣ дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадиву бадкирдорӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромиро ба миён меорад. Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд соҳиби хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ, некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. На бадбину бадхоҳ, хиёнаткору вайронкор, чун бархе аз шаҳрвандони кишвари мо, ки номи ин нафаронро мардум бо нафрат ба забон мегиранд. Зеро онҳо бо амалҳову ақидаҳои нопокашон ба мардуми худ, ба Ватани худ, ки дар ҳаминҷо бавоя раисдаанду зери обу ҳавои ин миллат ба воя расидаанд, имрӯз ба он хиёнат кардаанд, ки нобахшиданист. Зеро ҳам амали нек ва ҳам амали бад дар зеҳни мардум хуб нақш мебандад ва солҳо боқӣ мемонад. Ин нокасон дар зеҳни мардум чун хоинони миллат нақш бастаанд ва то абад чунин номи сиёҳ мемонад. Ин сиёҳдилон, ки ақидаҳои ифротгароиро дар байни мардум пош мекунанд, ҳаргиз ба мақсади худ намерасанд. Зеро тулӯи ҳақиқат чун офтоби нурафшон аз баландиҳо дурахшон аст. Мо дар кишвари биҳиштосо, зери ҳавои софу беғубор, бо нозу неъматҳои фаровон дар фазои оромиву осудагӣ умр ба сар мебарем, ки ин худ давлати басо калон аст. Банда ба ҳамаи мардуми сарбаланду баору номуси кишвар муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ҳамеша бар он ҷаҳд намоем, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона ба касе кумак расонем. Касеро хушдилу осуда гардонем. Ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ гузорем, то зинданом бошем. Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд. Шахси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша дар назди ҷомеа сияҳрў аст.

Бешубҳа, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард мебошад ва ҷавонони синни даъватӣ бояд хизмати Ватан‐Модарро сарбаландона иҷро намоянд. Барои насли ояндасози кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт ва мардиву ҷасорат аст. Маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонписарон сабақи шуҷоату садоқатмандӣ гирифта, муҳофизати хоки поки Ватанро меомӯзанд. Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишвар аст. Намунаи беҳтарин изҳори ватандӯстӣ хизмат кардан ба Ватан аст. Ин маъниро ҷавонони ватандӯсти ноњияи Сангвор, ки зода ва истиқоматкунандаи ин диёр мебошанд, бо дилу ҷон эҳсос намуда, омодагии хешро барои ҳимояи марзу буми кишвар иброз доштанд. Ин буд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дар рӯзи аввали даъват санаи 01 октябри соли 2023 ихтиёран аз ҳисоби ҷавонписарони ноҳия пурра ба анҷом расонида шуд.

Тарбияи насли наврас масъулияти мост! Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, донишандўзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кўшиш мекарданд. Албатта, маълум аст, ки оила, пеш аз ҳама, падару модар, дар ташаккул ва рушди маънавии фарзанд нақши мондагор доранд. Чизеро, ки фарзанд дар давраи хурдсолӣ мебинад, дар зеҳнаш нақш баста, дар тамоми ҳаёт бо ӯ мемонад. Аҳамияти оила дар он зоҳир мегардад, ки кӯдак дар он қисми зиёди умри худро мегузаронад ва ҳамчун шахсият низ дар оила ташаккул мёбад. Аз ин лиҳоз, ягон институти тарбия ба оила баробар шуда наметавонад. Чун таҳкурсии асосии шахсияти фарзанд дар оила гузошта шудааст, баъди қадамҳои нахустини худро ба остонаи мактаб гузоштан ва маҳз дар ҳамкории зичи падару модар бо мактаб, шаклгирии шахсият пурра, яъне мукаммал мегардад. Аз таҷриба ва мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксаран мо фаромӯш месозем, ки дар оила нафақат чун омили мусбӣ, балки омили манфии тарбия низ амал мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки агар дар омили мусбии тарбия шахсони ба кӯдак ниҳоят азизу наздик падар, модар, бобо, бибӣ, хоҳару бародар нақши асосӣ бозанд, дар омили манфӣ низ ин нафарон нақш мебозанд, зеро ягон институти иҷтимоӣ ин нақшро иҷро карда наметавонад. Педагоги машҳури рус А.С. Макаренко гуфта буд: “Фарзандони мо пирии мо ҳастанд, тарбияи дуруст- пирии хушбахтона, тарбияи нодуруст минбаъд азобу ранҷ, ашк, ин гуноҳи мо дар назди дигарон аст”. Аз ин гуфтаҳо ба андешае меоем, ки бархе аз ҷавонони мо, ки оянда давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост, ба ҷойи ба ҷамъият кору фаъолият намудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ифротгаро шомил гардида ба роҳи гумроҳӣ мераванд. Имрўзҳо дар ҳаққи фарзандон чи қадар падару модарон меҳнату заҳматҳо кашида онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд, лекин ҷавононе ҳастанд, ки ба гуфтаҳои шахсони нопок бовар карда, ба гурeҳҳои ифротӣ шомил мегарданд. Қайд карданием, ки илоҳо фарзанди ягон шахс ба гумроҳӣ наравад, илоҳо ҳеҷ модари тоҷик дар фироқи ҷигарбандаш насӯзад. Мо медонам, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ чи қадар фарзандони тоҷик қурбони сиёсатҳои разили гуруҳҳои пастфитрати наҳзатӣ гардида буданд. Аз ин лиҳоз, падару модарон бояд рисолати муқаддаси худ тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардўстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сўи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.

ИСТИҚЛОЛИЯТ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ! Истиқлолият ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон шароиту имконоти мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти худ марҳалаҳои хеле вазнину пурхатарро паси сар намуда, санҷишҳои вазнини иҷтимоиву сиёсиро паси сар намуд. Имрўз ин кишвари шукуфон аз як мамлакати ҷангзадаву буҳронӣ ба як макони аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст, ки дастовардҳои он далели пешравии тамоми соҳаҳо мебошанд. Зарурати таърихии инкишофи ояндаи миллати тоҷик дар замони муосир талаб менамояд, ки гуфтаҳо, амалҳо ва нақшаҳои кормандони мақомоти гуногунзинаи давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри рушду нумўи давлат, соҳибмаърифат гардонидани шаҳрвандон ва баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа бояд равона гардад. Имрўз бо қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ба василаи ин кўшишҳо озодии сиёсӣ ва якпорчагии кишварро ҳифз карда тавонистем. Барои мо, тоҷикон, туҳфаи таърих буд, ки ба сари давлат шахсияти боиродаю ватанпараст ва ҷасуру миллатдўст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Танҳо иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист садди роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гардад. Мо дар остонаи ҷашни Рўзи Истиқлолият қарор дорем. Ин ҷашн аз дигар ҷашнҳову идҳо бо моҳияти созандагиву муттаҳидсозии худ фарқ мекунад. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу истиқлолро ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳем кард. Мусибате, ки солҳои 90-ум ба сари халқи тоҷик омада буд, метавонист якпорчагии давлати моро халадор намуда, ба парокандашавии халқи куҳанбунёди мо оварад. Ин боз як санҷиш барои халқи азизамон буд. Хушбахтона, халқи фарҳангсолори мо бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қавииродаву матин мебошад, ки тавонист Тоҷикистони азизро аз ин хатар эмин дорад. Имрўз Тоҷикистон тавонист истиқлолияти худро таҳким бахшад ва ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ ва ба дастовардҳои назаррас дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ ноил гардад. Тоҷикистон имрўз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор буда, Истиқлолияти комилу беназири он ин арзиши бебаҳо, нерўи қавӣ ва кафили рушди устувори мамлакат мебошад. Дар шароити кунунӣ таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Устодону омӯзгорони муҳтарам! Донишҷўён ва хонандагони гиромӣ! Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид намудаанд: “Маориф асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумуи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад”. Дар заминаи ибтикороти самарабахши ҳукумати мамлакат дар ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ таваҷҷўҳи хоса равона карда шудааст. Маҳз дастгирии донишҷўёну хонандагон ва омўзгорони онҳо аст, ки сол аз сол теъдоди ғолибони озмуну олимпиадаҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, хонандагон, донишҷўён, омӯзгорони пешқадаму навовари мо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мақомҳои арзандаро ишғол менамоянд. Бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва озмуни “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” марҳилаи наверо барои вусъати фаъолияти наврасону ҷавонон, устодону омўзгорони онҳо боз намуда, доираи омӯзиш ва мутолиаи тамоми қишрҳои ҷомеаро густариши тоза бахшид. Озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостониии тоҷикон бештар тақвият ёбад. Дӯстони азиз! Илму дониш дар миёни мардуми мо аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд. Мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз равишҳои муосири таълиму тарбия истифода барем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии наврасону ҷавонони ояндасозро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро тақвият бахшем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем. Бори дигар, ҳамаи устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёнро ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил самимона табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият ва хониши хубу аъло таманно менамоям. Ид муборак, устодону донишҷўён ва хонандагони азиз!