Бо роҳи фиреб гирифтани маблағи пулӣ боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо гардид.

Чунончӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 10 июни соли 2021 шаҳрванд Каримов Шовали Раҷабалиевич барои он дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобаҳо, баробар ба 9000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў дар асоси қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №158 аз 16 апрели соли 2018 то 14 апрели соли 2021 дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ задааст:

Чунончӣ, санаи 01 октябри соли 2020 ҷабрдида Шарипов Қурбонали Маҳмадризоевич бо мақсади қонунан ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани 0.10га қитъаи замини наздиҳавлигии падараш воқеъ дар ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Чилдара, деҳаи Шакоб барои гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ ба назди раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор Каримов Ш.Р. омадааст. Каримов Ш.Р. аз ҳолати мусоид истифода карда, қасдан бо мақсади фоидаи муфт ба даст овардан, аз вазифаи хизматии худ истифода бурда, бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида Шарипов Қ.М. даромада, охиринро бовар кунонидааст, ки бар ивази маблағи 3500(се ҳазору панҷсад) сомонӣ қитъаи замини мазкуро ба номи бародараш Шарипов С.М. ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Ҷабрдида Шарипов Қ.М. аз рӯи надонистани қонунҳои ҷорӣ дар соҳаи замин ба суханҳои судшаванда Каримов Ш.Р. бовар карда, розӣ шудааст. Баъдан судшаванда Каримов Ш.Р. ин маблағро аз ҷабрдида Шарипов Қ.М. дар се ҳолат, маротибаи аввал санаи 05 октябри соли 2020  дар назди даромадгоҳи бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор 1500 сомонӣ, маротибаи дуюм тахминан моҳи феврали соли 2021 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чилдара, деҳаи Шакоб 1000 сомонӣ ва маротибаи сеюм бошад, охирҳои моҳи феврали соли 2021 дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор 1000 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ғайр аз ин, судшаванда Каримов Ш.Р. бо тасарруфи маблағҳои мазкур қонеъ нагардида, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода ба ҷабрдида Шарипов Қ.М.  супориш додааст, ки тавассути автомашинаи боркашаш, ки тамғаи “КАМАЗ” мебошад, се маротиба барои таъмири НФС-и бародараш Исоев М. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Чилдара, деҳаи Чилдара сангу шағал кашонда барад. Ҷабрдида Шарипов Қ.М. бо мақсади ҳарчӣ тезтар иҷро шудани корҳои бародараш супориши судшаванда Каримов Ш.Р-ро бо масраф намудани маблағи 1500 сомонӣ иҷро намудааст.

Ҳаминтариқ, судшаванда Каримов Ш.Р. бо ин кирдорҳои қасдонааш маблағи 5000(панҷ ҳазор) сомонии Шарипов Қ.М-ро тасарруф намуда, ба манфиати ҷабрдида ягон амалеро иҷро накардааст.