Баъди содир намудани ҳуқуқвайрокунӣ пӯшаймонӣ чӣ суд!
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили нав ба вуқӯъ пайваст, воқеан дар таърихи қонунгузории миллии кишвар як падидаи наву бемисл ва хотирмон буда, аз иқдоми навбатии мамлакати тозаистиқлоли мо дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқӣ башорат медиҳад, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. Сокинони мамлакат хуб дарк кардаанд, ки маҳз риояи қонуни мазкур барои таъмини пурраи рӯзгори ҳар хонавода ва тадриҷан расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар ёрӣ медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш ба мардум ҳамеша дар бораи риояи қонун ва аҳамияти он ҳушдор медиҳад.
Чунончӣ: “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабули татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”…
“Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем”.
“Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад”.
Ҷои таассуф аст, ки ҳанӯз бархе одамон ба зиёдаравиҳое даст мезананд, ки амалашон на танҳо ба онҳо, балки ба тамоми мардум таъсири бад мегузорад. Агар шахси ба исрофкорӣ даст зада, аз ҷиҳати молиявӣ зарар бинад, мардуми деҳа ва маҳал зарбаи маънавӣ мебинанд. Ҳатто дар ҳолати сари вақт огоҳ нагардидани мақомотҳои масъул мардуми мо албатта байни ҳамдигар мегӯянд: “Фалонӣ обрӯ, вазифа ва одам дошт, маъракаашро бо тамоми ҳастиаш гузаронд, аммо касе эродаш нагирифт, ҷаримааш накарданд. Агар ҳозир як бесоҳиб ҳамин корро мекард…”
Боиси хурсандист, ки дар баробари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, барои ба мардум фаҳмондани муҳтавои ин қонун дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби фаъолон гуруҳҳои таблиғотӣ таъсис доданд ва дар доираи имкониятҳо бо сокинони ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир карда шуданд, меъёрҳои қонун фаҳмонида шуданд. Дар баробари ин, пайваста ба муқобили вайронкунандагони қонун чораву тадбирҳои лозима андешида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми 2 моҳи соли 2025 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати қонуни мазкур дар ҳудуди ноҳияи Сангвор як адад қонунвайронкуниро, ки аз тарафи сокинони ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Чилдара содир шуда буд, ошкор ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳия ирсол намуданд.
Чунончӣ, ҳуқуқвайронкунанда В.Р.Ю. санаи 30 декабри соли 2024 тахминан соати 11-00 дақиқа бар хилофи талаботи моддаи 16 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда шудааст, амал намуда, дар манзили истиқоматии худ маъракаи тӯю домодии фарзандашро аз соати 11-00 то 14-00 дақиқа бо иштироки 110 нафар меҳмон ва баъдан худи ҳамон рӯз аз соати 17-00 то 20-00 дақиқа бо иштироки меҳмонони зиёд, бо оростани дастархони тӯёна, додани таъом ва туҳфаҳо ба меҳмонони ҳозирбуда гузаронидааст.
Ҳуқуқвайронкунанда ҳангоми баргузор гардидани мурофиаи сайёри судӣ пурра гуноҳашро ба зимма гирифта, изҳори пушаймонӣ намуд ва аз он афсӯс хӯрд, ки итоат накардан ба қонун барояш чунин вазъиятро пеш овард.
Ба андешаи мо хуб мебуд, ки эшон пеш аз даст задан ба қонунвайронкунӣ даст болои дил мегузоштанд ва андешаи пешомадро мекарданд. Баъди содир намудани ҳуқуқвайрокунӣ дигар пушти даст газиданҳо фоида надорад…
Дар охир, суди ноҳия масъаларо ҳаматарафа омӯхт ва ҳолатҳои сабуккунандаро ба инобат гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунанда дар доираи санксияи моддаи 481 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаро ба андозаи 220(дусаду бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 15840(понздаҳ ҳазору ҳаштсаду чил) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин намуд.
Масъулини суди ноҳияи Сангвор ҳуқуқвайронкунии мазкурро барои он манзури хонандагони рӯзнома гардониданд, ки дониши ҳуқуқии онҳо дар ин самт баланд гардад, онҳо аз рӯи надонистани қонунҳо даст ба қонуншиканӣ назананд, ки он боиси зарар дидани иқтисоди оилавиашон гардад.
Раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.