Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ифтихори халқи тоҷик!

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ки бо ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама сола рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.

Ҷашни Парчам ин аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои  Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бо фарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ месозад.

Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори  халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории  ин миллати абарқудрат аст.       Бо ёдоварии ин суханҳо ман мехостам, диққати ҳамагонро ба он ҷалб намоям, ки парчам дар тӯли таърихдории миллати тоҷик, аз куҷо ва дар кадом ҳолат ба миён омадааст.

Боиси хушбахтист, ки халқи тоҷик, ки дар давраи Куруши Кабир соҳиби эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, инчунин якумин халқест, ки аввалин шуда дирафш-парчамро ба миён овардааст ва ин дирафши якумини миллати тоҷик дирафши ковиёна аст ва мо ҳамагон, ки бархӯрдор аз Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ мебошем, воқиф аз он ҳастем, ки чӣ тавр Коваи оҳангар дар вақти бар зидди қувваи бадӣ  ғолиб омаданаш, чарминаи  пешбанди худро ба ҳайси дирафш-парчам истифода бурда буд ва баъди мағлуб намудани Заҳҳок ғолибияти худро бо тартиби баланд бардоштани  дирафш ба  халқ нишон  дода буд. Сипас Коваи оҳангар бо ба даст овардани давлат  ба тахт Фаридунро нишонда, Фаридун низ ин иқдоми  Коваро идома дода, ба дирафши Ковиёна як  ситораи дорои чор шохаи зарҳалдори ранги зард, сурх, бунафшдорро  илова намуда буд ва аз ҳамон давра инҷониб мардуми ориёӣ соҳиби парчами худ гаштаанд.

Дар туллии таърихи парчамдории тоҷик ин рамз тағйир ёфта истода, хушбахтона ҳама вақт рангҳои мусбиро доро буд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта он дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст ва аз сарчашмаҳои хело зиёди фарҳангӣ дар иртибот дар омода кардани он истифода шудааст.

Дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар қасри Арбоб баргузор гардида буд, парчами Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт ва пинҳон нест, ки  дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва мардуми аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод дошта буданд ва ин парчами давлати тоҷик, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хело зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамадуни пешазисломӣ ва баъди исломии мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.

Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди  Миллӣ яке аз рамзҳои  давлатӣ  маҳсуб меёбад.

Санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд ва дар ҷумлаи аввали ин Низомнома   оварда шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тамоми муқаддасоте, ки дар Ватани мо, ҳаст ҳам муқаддасоте ба фарҳанг алоқаманд аст, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрӯзи мо ба ғояҳои мо алоқамандӣ дорад,  ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пеш аз ҳама  рамз аст, рамзи давлатӣ аст, дар радифи ду рамзи дигар, яъне Нишон ва  Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бартарии ифодаи мазмуни амиқи ин ҷумлаи низомнома дар калимаи Рамз ифода мешавад, зеро ҳама мазмунҳои амиқи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳар чизе, ки дар тасаввури инсон аст, ба воистаи рамз ифода мешавад. Яъне бисёр мафҳумҳои муҷҷаҳаз дар шакли образҳои мушаххас, дар рамз ифода мешаванд, масалан ғояҳои сулҳ дар шакли кабутари Пикассо ва ғояи адолат дар шакли тарозу ифода карда шудааст, яъне инҳо ҳама аломатҳои шартии ин ва ё он мафҳум, ақида мебошанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз чунин рамзҳост ва бартарии он нисбати дигар рамзҳо дар он аст, ки он мазмунҳои амиқи иҷтимоиро дар худ нуҳуфта, рамзи соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки  Рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломатҳо, рангҳое, ки дар парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмунҳои амиқ доранд, ки  дар онҳо агар  аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии  арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  дигар дигаре, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрӯз онро идома дода истодаем, ифода ёфтааст.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин  як рамзи бисёрмаъно аст  ва он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон  дарк мешавад. Он тасвири рангҳо, он тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам  акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷҷасум кардааст ва ҳар кас  метавонад онро  вобаста ба малакаву фаҳмиши худ шарҳ диҳад, масалан, вобаста ба  маъно ва мазмуни ин рангҳои дар парчам интихобшуда ва  тоҷ бо ҳафт ситора,  фикрҳои мухталиф миёни муҳаққиқон мавҷуд аст, ки яке онро ишора ба табиати зебоманзари Тоҷикистон мансуб дониста, дигаре ҳафт ситораро, ки рақами ҳафт дар мардуми мо хело муқаддас аст, ба ҳафт зинаи камолоти умри инсон, ҳафт рӯзи ҳафта, мансуб донистааст.

Аммо ба тарви  амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед бошад- бахту иқболи сафед, покизагӣ буда, ранги  сабз –саъю кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад.

Тасвири тоҷ дар парчам ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустиқилияти кишвар буда, ҳафт ситора-ин ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон, ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст.

Парчам бо муқаддасии худ барои андешаву фаҳмиши дарки инсон мавод медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12 маи соли 2007 таҳти рақами 254 қабул карда шудааст, моҳият ва тартиби истифодабарии расмии Парчамро муқаррар менамояд.

Эҳтироми волои Парчам дар баробари  Нишон ва Суруди Миллӣ   вазифаи асосӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрвандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Дар боби 2 ин Қонун тартиби тасдиқ намудани Парчами давлатӣ, тартиби тасвир ва истифодабарии расмии он, вақт ва макони истифодаи ин рамзи давлатӣ дар радифи дигар рамзҳо пурра ва ба таври амиқ муқаррар карда шудааст.

Гузашта аз ин Қонунгузор дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст, ки риояи талаботи Қонуни мазкур ба зиммаи роҳбарони мақмотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Парчами давлатиро, ки рамзи давлатдории миллати тоҷик аст, осон гирифтан мумкин нест, ба рамзҳо он чунон, ки худашон муқаддас ва сермаъно ҳастанд ҳамон тавр муносибат кардан зарур аст, яъне эҳтиром  гузоштан ба Парчам рамзи давлатӣ ин эҳтиром ба худи шахс, ба мавқеъ, ба ҷойгоҳ, ба ҳамсоя, ба ҷомеъа, ба таърих, ба фарҳанги гузашта, ба он муборизаҳоест, ки тавассути  он мо имрӯз ба истиқлолият  расидаем, ин як навъ ҷоннисорӣ, ҷонбозист ва арзишҳоест, ки ҳудуду паҳно надоранд ва хулоса, ин як навъ қомуси хирад ва андеша аст. Он чизе, ки муқаддас  аст наҷиб аст, сатҳи аз ҳама Олӣ аст, онро бояд, ки дӯст дошт ва Парчами тоҷик ва кулли муқаддасоти Миллӣ шоистаи дӯст доштанӣ аст ва он чизе, ки аз ибтидо то ба имрӯз дар Парчам ҷойгир аст, мо онро бояд эҳтиром дорем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ман кулли мардуми кишвари азизамро бо рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

 

САЛИМЗОДА М.Д.

РАИСИ СУДИ Н.САНГВОР