Ватанпарварӣ маънои танҳо ба Ватан меҳр монданро надорад. Он як ҳисси бузург аст. Ин маънои онро дорад, ки худро як ҷузъи Ватан донӣ, дар рӯзҳои неку бадаш бо он бошӣ. А. ТОЛСТОЙ
Инсон пеш аз ҳама фарзанди мамлакати худ аст, шаҳрвандест, ки манфиатҳои мамлакати худро дар дилаш ҷойгир кардааст.
Барои мо падару модар, фарзанд, хешону наздикон азизанд, вале ҳамаи тасаввуротамон дар боби меҳру муҳаббат дар як калима – Ватан муҷассам аст. Агар ба Ватан нафъаш мерасида бошад, барои он кадом инсони бовиҷдон ҷон фидо кардан намехоҳад.
Ҳар кас аз Ватани худ рӯ гардонад, аз виҷдони худ низ рӯ мегардонад.
Я. ГАЛАН
Ватани худро доғдор кардан маънои фурӯхтани онро дорад.
В. ГЮГО
Ҷинояте ҳаст, онро наметавон бахшид, он хиёнат ба Ватан аст.
ВАТАНИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕД! ИНСОНИ БЕ ВАТАН ҲЕҶ АСТ.