ҲУШЁРИВУ ЗИРАКИИ СИЁСӢ МЕБОЯД!
Магар ба он каждумон наҳзатӣ он рӯзҳои хунине, ки Ватани азизамон аз сар гузарондааст кифоя нест, ки он солҳои хунинро низ ҳамин шахсони насҳатбоз ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил додаанд. Он ҷанги шаҳрвандӣ чи қадар барои мардуми осоиштаи кишвар офатҳои зиёдеро ба миён овард. Ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳ аз дасти он қотилон фавтиданд, ҳазорон шаҳрвандон аз Ватани азизи худ фирор карданд. Маҳз ҳамон ҷалодони хунхор зери ниқоби ислом амалҳои нопадиди худро ба анҷом мерасонданд. Шукронаи он фарзандони шуҷою ҷонфидои миллат мекунем, ки бо далериву ҷасури тавонистан ҷони худро дареғ надошта амалҳои нопадиди хоинони Ватанро пешгирӣ намуданд. Ин ҳама далели он аст, ки кормандони макомоти қудратии давлатӣ масъулият ва вазифаи худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, садди роҳи душманони миллат ва террористон гардиданд. То он ки дар кишвари азизамон тинҷию осудагӣ пойдор бошад. Имруз бояд ҳар яки мо ба қадри ин тинҷию осудагӣ бирасем ва дар ҷомеа ҳисси якдиливу меҳанпарастӣ, ватандўстиву хештаншиносӣ ҳувайдо бошад. Чуноне, ки огаҳӣ дорем халқи баруманди тоҷик барои ба даст овардани истиқлолияту Ваҳдату ягонагӣ чи қадар ҷоннисориҳо кардааст, ки ҳамаи ин заҳматҳо барои боз ҳам вусъат ёфтани сулҳ дар Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки имрўзҳо низ дар ҷамъият шахсоне вомехўранд, ки барои манфиатҳои номатлуби худ бо паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ машғул гарданд мардумро гумроҳ месозанд. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Имруз мо фирефтаи чунин гумроҳи нашуда сарҷамъ шуда, барои гулгулшукуфоии кишвари азизамон якҷоя фаъолият барем ва барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ якҷоя фаъолият барем. Барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё буда, онҳо метавонанд, дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд. Ҳамаи мо шаҳрвандони як кишвари ободу зебо бо номи Тоҷикистон дорем, биёед якҷоя барои гулгулшукуфии ҳамин сарзамини биҳиштосо фаъолият барем то дигарон ба тинҷию амонии мо дахолат накунанд.