ҲУҚУҚ САНЪАТИ НЕКИЮ АДОЛАТНОКИСТ!

Бояд гуфт, ки мафҳуми ҳуқуқи инсон саршор аз ақидаҳои амиқи фалсафию ахлоқист. Асоси онро арзишҳои ахлоқие ташкил медиҳанд, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ, ривоятҳои қадимии халқҳои гуногун, ғояҳои мутафаккирони гузашта, аз ҷумла тоҷику форс сарчашма мегирад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсият дар давлат ва ҷомеа дорои ҳуқуқҳои зиёд мебошад. Ҳар як одам чун иштирокдори муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ — оилавӣ, меҳнатӣ, молӣ, сиёсӣ ва ғайра ин ҳуқуқҳоро барои қонеъсозии талаботи худ, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои муайяни ҳаётии хеш истифода мекунад. Ҳуқуқҳое ҳастанд, ки ба манфиатҳои ҳаррӯзаи мардум марбутанд. Масалан, ҳуқуқҳои мусофир дар нақлиёт, ҳуқуқҳои харидор дар мағозаю бозор, ҳуқуқҳои одамоне, ки ақди никоҳ мебанданд, ҳуқуқҳои меросгирандагон ва ғайра.

Бояд донист, ки ду мафҳум – «ҳуқуқҳои инсон» ва «ҳуқуқҳои шахсият» аз ҳамдигар фарқ доранд. Зери мафҳуми ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқҳои нисбатан пураҳамияти шахсият дар ҳар давлату ҷомеа дар тамоми ҷаҳон, ҳуқуқҳое фаҳмида мешаванд, ки бе онҳо шахсият наметавонад чун инсон арзи ҳастӣ кунад. Чунончӣ ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил ва боз бисёр ҳуқуқҳои дигар. «Дар олам бисёр чизҳои бузург ҳастанд, вале бузургтар аз одам чизе нест» гуфтааст драматурги Юнони қадим Софокл.

Яке аз асосгузорони назарияи ҳуқуқҳои инсон маорифпарвари фаронсавӣ Ж.Ж.Руссо бошад, таъкид мекард, ки шаъну эътибор дар худи моҳияти одам мавҷуд аст: «Даст кашидан аз озодии худ, даст кашидан аз шаъну эътибори инсонии худ, аз ҳуқуқи инсон, ҳатто аз уҳдадориҳост. Ҳамаи одамони рӯи замин бо шаъну эътибори худ тавлид мешаванд ва дар ин бобат ҳама баробаранд. Одамон табиатан дар муносибат бо ҳамдигар бояд дар руҳи бародарӣ, эҳтироми шаъну эътибор, ҳуқуқҳо ва озодиҳои одами дигар рафтор намоянд».

Гуфтан ҷоиз аст, ки шаъну эътибори инсон сарчашмаи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯст. Қисматҳо дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳо дар бисёр конститутсияҳои ҳозира бо мафҳуми «Шаъну эътибори инсон» оғоз меёбад. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Дар моддаи 5-уми он чунин омадааст: «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Шаъну эътибор маънои ҳимоя аз зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсиррасонии руҳониро дорад. Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, зӯроварӣ, муносибати бераҳмона ва ҷазодиҳӣ қарор гирад. Шаъну эътибор ҳимояи шараф, обрӯю нуфуз ва номи неки инсонро низ ифода мекунад. Ҳимояи шаъну эътибори шахсият бошад, аз ҷониби давлат амалӣ мегардад. Эътироф ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар тамаддуни мардуми форс хеле ғанӣ ва ибратомӯз мебошад. Мутобиқи маълумоти таърихӣ ибтидои эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин тамаддун аз давраи ҳукмронии Ҷамшедшоҳи одил дар ибтидои ҳазораи дуи қабл аз милод оғоз шудаааст.

Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ роҷеъ ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон панду андарзҳои зиёде гуфтааст. Ӯ тамоми инсонҳоро, новобаста аз вазъи иҷтимоию камбудии ҷисмонӣ дар як сатҳ гузошта, мардӣ ва ҷавонмардиро ба шахсоне мансуб донистааст, ки дасти маъюбону ятимонро гирифта, онҳоро чун инсони комил эътироф мекунанд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ақидаҳои Рӯдакӣ бештар ба ҷанбаҳои ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон бахшида шуда, дар онҳо омилҳои табиӣ ва иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқҳои барҷомондагон ва пиронсолон таъкид шудааст. Дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» бошад, шоир бештар аз рӯзгори пирӣ ҳамчун даврони нотавонии инсон изҳори мулоҳиза намуда, зарурати нигоҳубин ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро дар ин даврон баён намудааст. Гарчанде Форобӣ падари фалсафаи сиёсии араб ба шумор равад ҳам, андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва тақвияти ақидаҳои ҳуқуқии мардуми форс хеле назаррас аст. Махсусан, ақидаҳои ҳуқуқии ӯ дар асари «Шаҳри накӯрой» зикр гардида, ӯ ба ташкили ҷомеаи адлпарвар кӯшиш намуда, роҳҳои нигоҳ доштани идоракунии адолатнок ва таъмини некӯаҳволии мардумро муайян намудааст.

Абулқосими Фирдавсӣ бошад, дар баробари зинда намудани тамаддуни мардуми тоҷику форс ғояҳои олии инсондӯстии шоҳигариҳои Пешдодию Каёнии Аҷамро бо низоми устувори давлату давлатдорӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш манзури оламиён гардонидааст. Ӯ аз адлу инсоф, баробарию бародарӣ, озодию мустақилияти халқу миллатҳо дар либоси назм ақидаҳои судманду ибратбахш гуфтааст.

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ яке аз мутафаккирони бузурги форсу тоҷик буда, дар баробари мавзуъҳои баробарии инсонҳо, дастгирии ятимон, маъюбон ва дармондагон андешаҳои ҷолиб гуфтааст. Ӯ тамоми одамонро мансуб ба табиати ягонаи одамӣ ҳисобида, таъкид мекунад, ки онҳо бояд ба ғаму шодии якдигар шарик бошанд, ба зердастон раҳму шафқат намуда, ятимону бепарасторонро эҳтиром созанд:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард овардад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ машҳур ба Низомулмулки Тӯсӣ шахсест, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва мадании халқҳои Шарқ мавқеи назарраси илмӣ ва амалиро дорост. Ӯ дар байни мутафаккирони форсу тоҷик ва умуман ҷаҳон яке аз аввалин шахсиятҳои сиёсист, ки дар сари қудрати вазирӣ нишаста, бо супориши сарвари замони хеш китобе роҷеъ ба идораи давлат бо номи «Сиёсатнома» навиштааст. Низомулмулк дар «Сиёсатнома» ба давлату давлатдорӣ диққати махсус додааст. Ӯ мефармояд: «Чун дуои халқ ба некӯӣ пайваста гардад, мулк пойдор бувад ва ҳар рӯз зиёдат бошад, он малик аз давлату рӯзгори худ бархурдор бувад. Бадин ҷаҳон номи некӯ ва бад-он ҷаҳон растагорӣ ёбад ва ҳисобаш осонтар бувад, ки бузургон гуфтаанд: «Мулк бо куфр бипояду бо зулм напояд». Зикр бояд кард, ки муносибатҳои байни одамон дар ҳама давру замон бо низоми иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешавад, ки асоситарини онҳо меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд.

Дар меъёрҳои ахлоқӣ тасаввурот дар бораи некию бадӣ, адолату эътибор, шарафу шафқат ифода ёфтаанд, ки мисолаш гуфтаҳои болост. Меъёрҳои ҳуқуқ бошад, аз ҷониби давлат муқаррару тасдиқ гардида, бо меъёрҳои ахлоқ алоқамандии зич доранд. Панди «Ҳуқуқ санъати некию адолатнокист» алоқамандии таркибии ҳуқуқ ва ахлоқро бозгӯ мекунад, ки мувофиқи ин муқаррарот қонунҳо бояд боадолатона ва инсондӯстона бошанд. Хушбахтона, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзишҳои ахлоқӣ тавъам аст.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои ахлоқӣ чун қисми таркибии ҳуқуқу озодиҳои таҳкимёфтаи инсон ва чун кафолатҳои ҳимояи онҳо баромад мекунанд. Чунончӣ, моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин нишондиҳандаҳои ахлоқӣ чун «Зиндагии арзанда» ва «Инкишофи озодона», дар моддаи 5-ум – «Қадр» ва «Номус», дар моддаи 17-ум «Баробарҳуқуқӣ», дар моддаи 34 – «Ғамхорӣ» ва ғайра мавҷуданд. Дар қонунгузориҳои миллии оилавӣ ва маданӣ истилоҳи ҷуброни ҳисороти ахлоқӣ истифода шуда, дар қонунгузориҳои ҷиноятӣ чунин принсипҳои маънавӣ чун адолатнокӣ ва инсондӯстӣ таҳким ёфтаанд, масъулият барои рафтори бадахлоқонаи одам, ҳамчунин барои содир кардани ҷиноятҳо бар зидди озодии шахсӣ, паст задани шаъну эътибор ва қадру қимат пешбинӣ шудааст. Ҳамаи он далолат бар он доранд, ки меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бо ҳам ҳамбастагии зич доранд.

Мафҳумҳои ахлоқ бо категорияҳои ҳуқуқӣ омехта шуда, аҳамияти аслии худро гум накарда, ҳуқуқҳои инсон ҳамчун соҳаи якдигарро пурракунандаи ҳуқуқ ва ахлоқ баромад мекунанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ояндаи худ ва тақдири шаҳрвандони хешро дар давлати пуриқтидори демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ мебинад, ки дар ташаккули онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 нақши муҳим дорад. Он асосҳои ҳуқуқиро гузошта, дурнамои рушди ҷамъиятӣ ва барқарорсозии давлатдории замони имрӯзаро муайян намуд. Агар дар моддаи якуми Конститутсия «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» гуфта шуда бошад, моддаи 10-уми он яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд – волоияти қонунро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти сиёсӣ таҳким мебахшад. Мувофиқи моддаи мазкур Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои он вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.