Терроризм — ин падидаи номатлуб замон
Имрўзҳо падидаи номатлуби терроризм ва гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси нигаронии кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рў, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба кирдору амалҳои ин гуна ташкилотҳо бетараф набошанд.
Яке аз масъалаҳои доғи рўз дар ҷаҳони муосир ин ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудани ҷавонон мебошад, ки сабаби асосии он ҷаҳонбинии танг, яъне ноогоҳии онҳо мебошад.
Ҷаҳони имрўзаро дар баробари пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар дастовардҳои илмиву техникӣ пайдоиши зуҳуроти номатлуб ба ташвиш овардааст. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини Ислом иртибот надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд.
Имрўз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз ҷониби гурўҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош намоем. Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар сатҳи паст қарор доштани дониши дунявии ҷавонон аст. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вазифаи ҳар як нафар шаҳрванди баору номуси миллат мебошад.
Терроризму экстремизм ва оқибатҳои даҳшатбори он ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Бинобар ин мо мардуми баору номуси Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаро зарур мебошад, ки бар зидди ин падидаи номатлуб дастҷамъона мубориза бурда, баҳри тинҷиву осоиштагӣ ҳамаҷониба муттаҳид бошем. Мо бояд шукронаи тинҷиву осоиштагии кишвари худро намуда, вазифадор ҳастем, ки арзишҳои муҳими давлатдориро ба наслҳои ояндаи хеш боқӣ гузорем.