Тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шуда буд ва он бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо азони худ гардидааст, боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва таъини ҷазо гардид!

Чунончӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 7.04.2023 сол шаҳрванд А.Ш. барои он бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо моддаи 245 қисми 2 банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 547(панҷсаду чилу ҳафт) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 35008(сиву панҷ ҳазору ҳашт) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи роҳбарӣ дар Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд, ки ба фаъолияти сохтмонӣ машғуланд ба муҳлати 2 сол,

-бо моддаи 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 250(дусаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 16000(шонздаҳ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ба А.Ш. ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 600(шашсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 38400(сивуҳашт ҳазору чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи роҳбари дар Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд, ки ба фаъолияти сохтмонӣ машғуланд ба муҳлати 2 сол таъин карда шуд, ки ў дар асоси қарори муассиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «М» таҳти №1 аз 26 июли соли 2011 то инҷониб ҳамчун директори ҷамъияти мазкур фаъолият намуда, бо истифода аз ваколати мансабиаш дар чунин ҳолатҳо даст ба содир намудани ҷиноятҳои қасдона задааст.

Чунончӣ, тибқи протоколи ҷаласаи Комиссияи тендерии Агентии хариди  давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №479960 аз 12 майи соли 2022, ҶДММ “М” барои сохтмони бинои маъмурии стансияи обуҳавосанҷӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор ғолиби озмун дониста шудааст. Аз ин рў, байни ҶДММ “М” ҳамчун пудратчӣ дар шахсияти директори он А.Ш. ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҳамчун фармоишгар дар шахсияти «К.» қарордод таҳти №479960 аз 19 майи соли 2022 ҷиҳати сохтмони бинои маъмурии стансияи обуҳавосанҷӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор ба маблағи 189200(яксаду ҳаштоду нуҳ ҳазору дусад) сомонӣ ба имзо расонида шудааст.

Судшаванда А.Ш. бошад, бо мақсади ба даст овардани фоидаи бештар, дар рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти номбурда, қасдан дар санади иҷроиши корҳо дар моҳи майи соли 2022 ҳаҷми корҳои сохтмонии иҷрошударо нисбати корҳои дар асл иҷрогардида, аз ҳисоби корҳои бетонрезии таҳкурсии бино дар ҳаҷми 3м3 ба маблағи 1600(як ҳазору шашсад) сомонӣ, оиқбандӣ кардани таҳкурсӣ ба маблағи 169(яксаду шасту нуҳ) сомонӣ, болопўш кардани бом бо тахтаҳо дар ҳаҷми 12м2 ба маблағи 4393(чор ҳазору сесаду наваду се) сомонӣ, андова кардани бом дар ҳаҷми 12м2 ба маблағи 219(дусаду нуздаҳ) сомонӣ, тахтабандӣ кардани бом ба маблағи 5911(панҷ ҳазору нуҳсаду ёздаҳ) сомонӣ, моеъи зиддисўхтори бом ба маблағи 785(ҳафтсаду ҳаштоду панҷ) сомонӣ, тунукапўш кардани бом дар ҳаҷми 34,2м2 ба маблағи 1505(як ҳазору панҷсаду панҷ) сомонӣ, кашонидани масолеҳи сохтмонӣ ба масофаи 205км ба миқдори 9 тонна ба маблағи 2568(ду ҳазору панҷсаду шасту ҳашт) сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 17150(ҳабдаҳ ҳазору яксаду панҷоҳ) сомонӣ зиёд нишон додааст.

Ба ғайр аз ин, судшаванда А.Ш. дар санади иҷроиши корҳои сохтмонии бинои маъмурии стансияи обуҳавосанҷӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор дар моҳи августи соли 2022 ҳаҷми корҳои сохтмонии иҷрошударо нисбати корҳои дар асл иҷрогардида аз ҳисоби барзиёд нишон додани пояҳои оҳанин ба маблағи 4859(чорҳазору ҳаштсаду панҷову нуҳ) сомонӣ, зиёд нишон додани ҳаҷми симтурҳои атрофи бино ба маблағи 6253(шаш ҳазору дусаду панҷову се) сомонӣ ва аз ҳисоби васл кардани  дарвоза ба маблағи 3091(се ҳазору наваду як) сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 14203(чордаҳ ҳазору дусаду се) сомонӣ барзиёд нишон дода, санадҳои дорои маълумоти баръало таҳрифшударо ба фармоишгар-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор пешниҳод намудааст. Баъдан дар асоси ин санадҳо фармоишгар тибқи супоришномаи пардохтӣ таҳти №0689784 аз 07 июли соли 2022 ба маблағи 142000(яксаду чилу ду ҳазор) сомонӣ ва тибқи супоришномаи пардохтӣ таҳти №1004270 аз 23 сентябри соли 2022 ба маблағи 47200(чилу ҳафт ҳазору дусад) сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 189200(яксаду ҳаштоду нуҳ ҳазору дусад) сомонӣ ба суратҳисоби ҶДММ «М» гузаронидаааст.

Ҳамин тариқ, судшаванда А.Ш. дар ду ҳолат бо қасди умумӣ ва мақсади ягонаи азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ба сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда даст зада, аз ҳисоби изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар бунёди бинои маъмурии стансияи обуҳавосанҷӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор дар маҷмўъ ба андозаи 31353(сиву як ҳазору сесаду панҷову се) сомониро азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба давлат зарари моддӣ расонидааст.

Судшаванда А.Ш. дар рафти тафтишоти пешакӣ маблағи зарари моддии ба буҷаи давлат расонидаашро ба андозаи 31353(сиву як ҳазору сесаду панҷову се)  сомонӣ ба пуррагӣ барқарор намудааст.