ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН — КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Боиси хурсандист, ки солҳои охир тариқи Маркази миллии тестӣ довталабон бо дониши худ ба дилхоҳ макотиби олии кишвар ва берун аз он таҳсили илм мекунанд. Пӯшида нест, ки ба хотири як қатор урфу одат ва анъанаҳои қадимии мардум, баъди хатми мактаби миёна духтарони деҳотро волидайнашон зуд ба шавҳар медиҳанд. Онҳоро аз синфи 9‐10 номзад мекунанду фикри оиладоршавиро дар зеҳнашон ҷой медиҳанд, ки хоҳу нохоҳ фикри духтар аз хондан дур мегардад. Барои онҳо аз соҳибмаълумот гардидани фарзандонашон дида, хонадор шудани онҳо болотар меистад. Солҳои охир, ин ақидаҳо то андозае арзиши худро гум кардааст.
Яъне падару модарон низ дарк намуданд, ки босавод кардани фарзандонашон кафили ояндаи неки онҳо мегардад. Ин аст, ки аз ноҳияҳои дурдасти кишвар духтарон низ баробари писарон таҳсили илм карда истодаанд. Дар ин замина духтарони ноҳияи Сангвор ҳам нисбат ба солҳои пеш бо донишу маҳорат ва устувории хеш дар баробари писарон ба донишгоҳҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуда, таҳсили илм карда истодаанд.
Ба гуфти сокинони ин ноҳия солҳои пеш духтарони таҳсилкарда ангуштшумор буданд. Ҳоло бошад, хатмкунандагон ҳамасола сазовори номи донишҷӯӣ мешаванд. Маъмулан, духтарони деҳот дониши хубу аъло доранд, кофист, ки хонаводаҳояшон барои саводнок шудан дастгирӣ кунанд. Гоҳо бо сабабҳои гуногун ба мисли набудани ҷои истиқомат дар шаҳр, набудани шароити иқтисодӣ, дастгирӣ накардани хонавода худи духтарон аз хондан сарфи назар мекарданд. Хушбахтона, дар панҷсолаи охир ин муаммоҳо садди роҳи духтарон шуда наметавонад. Ба духтароне, ки мехоҳанд босавод шаванду дар оилаву ҷомеа саҳми арзанда гузоранд орзуи муваффақият мекунем. Чун агар зан оқилаву фарзона гардад ҳам, оилаву ҳам ҷомеа пеш меравад.