ТАҶРИБАИ БЕНАЗИРИ СУЛҲУ СУЛҲОФАРИНИ ТОҶИКОН

27 июни соли 1997, яъне 27 сол пеш дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки ин дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият пайваст, яъне дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бо ҳамин ба ҷанги бародаркуши миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қувваҳои сиёсии қудратталабро аёну ноаён ба василаи бозии нерӯҳои беруна табдил медод. Дар ҳамон замон, ҳамаи шохаҳои ҳокимият аз боло то поён босуръат фалаҷ мешуд. Дар натиҷаи ин ҳама буҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омад, ки он боиси дар давоми як сол иваз шудани ду Президент ва панҷ ҳукумат гардид.

Доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ ва баъзе қувваю гуруҳои дохилӣ низ манфиатдори идома ёфтани ҷанг, барбод рафтани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик буданд. Онҳо ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехтанд ва намегузоштанд, ки халқи тоҷик иродаи худро озодана изҳор карда, ҳамчун миллати соҳибдавлат обрӯманд гардад. Гузашта аз ин, нақшаи тақсими Тоҷикистонро мекашиданд ва ҳатто дар назди созмонҳои байналмилалӣ масъалагузорӣ мекарданд.

Инсоният садҳо ҷангҳои дохилӣ ва муноқишаҳои шаҳрвандиро ёд дорад, ки ба нестшавии даҳҳо миллату давлатҳо ва аз байн рафтани марзу ҳудудҳои ҷуғрофӣ мусоидат намудаанд.

Бар асари фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд ва тавонистанд, ки оташи ҷанги таҳмилиро дар сарзамини Тоҷикикон афрӯзанд, мухолифи шадиди мусаллаҳона миқёси даҳшатнок пайдо карда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил меёфт. Пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон дар он рӯзҳо чандон осону бехатар набуд.

Даъвати нахустини Ҳукумати Тоҷикистон ба сулҳ ва музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ садо дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷангу зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад намуда, роҳи осоиштаи ҳалли мухолифату низоъи сиёсиро пеш гирифт. Дар он маврид ягон шакли тайёр ё худ намунаи таҷрибаи сулҳофарӣ, ки барои Ҳукумати Тоҷикистон чун қутбнамо хизмат карда тавонад, вуҷуд надошт.

Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди ҳашт даври музокироту бисту як вохӯриҳои расмӣ, ки қариб чор сол дома ёфтанд, фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми ҳарифи сиёсиро фароҳам оварда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун раҳнамои асосӣ ва санади ифодакунандаи азму иродаи халқ такя кардааст.

Аз рӯзҳои аввали Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ пуштибонии халқи тоҷик аз роҳи интихобкардааш, ки таъмини сулҳу суббот ва муттаҳидии миллат, ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон буд, эҳсос карда мешуд. Бинобар ин, дар ҳамон шароити ноором барои ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии давлати навбунёд ва соҳибистиқлоламон саъй намуд. Дар ҳамон давраи пурошӯб рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ – Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва баъдан Суруди миллиро қабул гардиданд. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Аксари мутлақи мардуми кишвар ин ҳуҷҷати тақдирсозро тарафдорӣ карданд. Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ исбот намуд, ки халқ пуштибони сиёсат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, ҷонибдори сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Муҳимтар аз ҳама баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ шароити мусоид ва кафолати воқеӣ ба вуҷуд омад, ки қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида шуда, хонаву дарашонро обод сохта, пайвастани онҳо ба зиндагии орому осоишта таъмин шудааст.

Ҳоло мардум ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи Ватан дилпуррона ва бо эътимоди қавӣ нигоҳ мекунанд. Зеро боз ҳам аз баракати сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар имконият фароҳам омад, ки ба сохтмони як силсила иншооти азим ҳусни оғоз бахшида, қадамҳои устуворро ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвари азизамон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Имрӯз бошад, таҷрибаи сулҳу сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ чун як падидаи нодири илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Бо ифтихор метавон гуфт, ки сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Имрӯзҳо дар кишварҳои Шарқу Ғарб вобаста ба ин масъала осори зиёд нашр шуда, натиҷаҳои муфиду муҳим низ ҳосил шудаанд.

Бо баробари муваффақ гардидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоқикистон ба ҷангӣ шаҳрвандӣ хотима бахшида, маросову ваҳдати шикастнопазири миллӣ ва суботи сиёсиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд. Зеро дар меҳвари ин сулҳ манфиатҳои зерини умумимиллӣ қарор дошт:

  1. ҳифзи истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани халқи тоҷик;
  2. таҳким ва тақвияти давлати мустақили миллӣ ҳамчун кафили боэътимоди суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  3. ҷорӣ намудани низоми сиёсии демократии ба манфиатҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳамаи нерӯҳои ҷомеа созгор;
  4. фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар;
  5. фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як аъзои ҷомеа;
  6. ҳифз ва тақвияти асолату ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиву маънавӣ;
  7. таъмини нақш ва мавқеи ба худ хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои озоди ҷомеаи ҷаҳонӣ.
  8. таъмини бехатарии бардавом дар минтақаи паҳновари Осиёи марказӣ.

Расидан ба ин рӯзҳои орому пурсаодат ва таъмин кардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази ҳисороти ниҳоят вазнини ҷониву молӣ ва машаққату маҳрумиятҳои сангини маънавӣ муяссар гардид. Дар ин фосилаи кӯтоҳ модари тоҷик даҳҳо ҳазор фарзандони худро аз даст дод, ҳазорон нафар кӯдакон бепадар ва занон беҳамсару бесаробон монданд, садҳо ҳазор бинову хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо ва роҳу пулҳо харобу валангор шуда, ба иқтисоди миллӣ даҳҳо миллиард сомонӣ зиён расонида шуд.

Ин ҳама даҳшату фоҷиаи гӯшношунид буд. Чунки миллате, ки таърихи сабтшудаи чандинҳазорсола дорад, анъанаҳои таърихиву фарҳангии бостонӣ ва ҷовидонӣ дорад, мардуми солор, сарбаланд ва хирадманд дорад, дучори фитнаву дасисаи бадхоҳону душманони худ гардид, ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор шуд, яъне фарзандони як модар ба ҷони ҳамдигар теғ кашиданд. Он рӯзҳои даҳшатовару гушношунидро ба ёд оварда ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷомеа масъул аст, ки ба наслҳои имрӯзаву оянда дуруст фаҳмонида нишон диҳем, ки соҳибватан будан ифтихори бузург аст ва ҳамагон ба қадри ин неъмати бебаҳо — яъне Ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти бузург мебошад. Мардуми Тоҷикистон алалхусус ҷавонон бояд донанд, ки тундравию худхоҳӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва гузашта аз ин, пушти по задании иродаи халқу зери по кардани қонун оқибатҳои даҳшатнок ва фоҷиабор дорад.

Ваҳдати миллӣ натиҷаи барҷастаи сиёсати навини ҷаҳонист, ки хушбахтона он самараи хиради куҳанбунёд ва ҳамешаҷавони мост.

Халқи тоҷик ба орзуи хеш, яъне сулҳу шукуфоӣ, муваффақ шуд. Боварӣ дорем, ки ин Созишнома барои сиёсати байналмилалӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва ибратомӯз боқӣ мемонад.

Ин ҳама тинҷиву оромӣ буд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои маданӣ, оилавӣ, манзил, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, кодексҳои мурофиавии маданӣ, судии иқтисодӣ, ҷиноятӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъсис додани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ дар Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ба таҳкими адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда истодааст.

Баҳри ба амал баровардани адолати судӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Товикистон бо Қарори Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Товикистон аз соли 1993 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъдтар бо Қарори Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ – Душанбе, Хуҷанд, Хатлон ва пас аз он Хоруғ таъсис ёфтанд.

Пеш аз фарҷоми сухан ҳаминро гуфтаниам, ки заҳматҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди ҳашт даври музокироту бисту як вохӯриҳои расмӣ баҳри ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки қариб чор сол идома ёфт, басо бузург аст. Дар инҷо мебояд аз ҳафт марҳилаи фаъолияти пурсамари сулҳофаринии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам» ёдовар шуд.

Якум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина, дар афкори ҷамъиятии мардуми ҷумҳурӣ моҳияти сулҳу созиш, ваҳдату ягонагӣ ва оштии миллиро ҷой намуданд.

Дуюм, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита ба музокироти байни тоҷикон шурӯъ карданд.

Сеюм, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи мухолифону пайравони ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳониро ба натиҷаи боровари Созишномаи Сулҳ бовар кунониданд.

Чорум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъиятро ба Сулҳи ҳамешагӣ оварданд.

Панҷум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони мухолифинро ба мақомоти роҳбарии ҳукумат ҷой доданд.

Шашум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳоҷирони иҷбории дур аз Ватанро ба диёри хеш баргардонида, онҳоро ба кори созанда ҳидоят намуданд.

Ҳафтум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон райъпурсиҳои умумихалқиро оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби интихоботи Президентӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуда, ҷомеаю давлати ноободу ноосоиштаи Тоҷикистонро ба Созиш, Сулҳу Ваҳдат, Ризоияту Оштии миллӣ оварданд, ки ин худ кори баҳодуронаву қаҳрамонии рустамонаро мемонад.

Ба хотири фаъолияти бузурги сулҳофариашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари давлатанд, ки моҳи июни соли 2007 дар таҷлили ҷашни 10 солагии Ваҳдати миллӣ Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайриявии «Миротворец» (Сулҳовар) бо мукофоти олии ин созмон – ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар) сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳамватанони азиз! Такя ба гуфтаҳои боло Шумоёнро бо ҷашни 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол талаб дорам, ки ба ҳар як кулбаи мардуми шарифи Ватанамон — Тоҷикистони азиз, ободиву осоиш ва хушбахтиву хушрӯзӣ ато фармояд.

Барои Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи абадӣ ва фазои орому пешрафт орзумандам.

Бигзор иттиҳоди миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст ва фарҳангпарвари тоҷик поянда бод!

 

Раиси суди ноҳияи Сангвор                                                  Салимзода М.Д.