Коррупсия ё худ фасод ҳамчун дарди мураккаби инсон ва ҷомеа на танҳо аз гирифтану додани пора (ришваситонӣ) иборат буда, балки он ба ҳайси як амали номатлубу ғайриқонунӣ, силсилапайванди қавию устувори муносибатҳои ғаразноки ба фисқу фасод, ҳавою ҳавас олуда, порахурӣ, маблағу амволситонии бо роҳи ҷинояткорона ба даст овардашуда, мансабталошию иғвогарӣ, ошнобозию хешутаборчигӣ чоплӯсию хушомадгӯӣ, нодурусту ғалат ба роҳ мондани ҳисоботу рақамҳои муҳосибию оморӣ бо мақсади фоидаи ғайриқонунӣ ба даст овардан ва дар ҳолатҳои алоҳида ба кирдору амал (беамали) -и мансабдорону амалдорон асос ёфта буда, мақсади асосию ниҳоии он бо кадом тарзе, ки набошад бой шудан, ба вазифаю мансабу амал соҳиб шудан, суст намудани боварии мардум ба қонун ва волоияти он, ба тадбиқи адолати иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ низоми давлатдорӣ мебошад.
Давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, роҳбарият ва махсусан Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти ба ҷамъият хавфнок, ки ба асос ва пояҳои давлатдорӣ хавфу хатари ҷиддӣ дорад, муборизаи беамон эълон дошта, дар ин самт барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ин падидаи номатлуб як қаттор тадбирҳои муассир андешиданд.
Чунончӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)» ба тасвиб расид, ки тибқи он мубориза зидди коррупсия ва пурзўр намудани масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари давлатӣ таъмини амнияти иқтисодӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидаанд.
Дар қисми 2 банди «в»-и Фармони зикргардида омадааст, ки «мақомоти назораткунандаи ҷумҳурӣ ва воҳидҳои дахлдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти худро дар навбати аввал бояд ба ошкор намудан, пешгирӣ кардан, кушодан, рафъ намудани ҷиноятҳо ва ҷуброни зараре, ки ба давлат дар натиҷаи мувофиқи мақсад истифода набурдани маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои ба онҳо баробаркардашуда; вайрон кардани қоидаҳои назорати асъор ва молия; додан ва баровардани кредитҳо аз ҳисоби қарзҳои кредитӣ; дастдарозӣ кардан ба моликияти давлатӣ, аз андозбандӣ пинҳон кардани даромад, дар мақомоти давлатӣ ғайриқонунӣ ҷонибдорӣ кардани манфиатҳои субъектҳои иқтисодӣ» ва ғайраҳо равона созанд.
Дар асоси қисми 4-и Фармони номбурда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифадор карда шудаанд, ки баррасии саривақтӣ ва холисонаи парвандаҳои ҷиноятиро дар базаи соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ) таъмин карда, принсипи бебозгашт ва ба гуноҳ будани ҷазои таъингардидаро риоя намоянд.
Зимнан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор гардидаанд, ки дар мубориза алайҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, фаъолияти худро дар пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ин ҷиноятҳо ҳамоҳанг сохта, аз восита ва усулҳои мавҷудаи мубориза самаранок истифода намоянд.
Мубориза алайҳи коррупсия ва ҷиноятҳои хислати коррупсионӣ дошта, ҳамчун қисми таркибии мубориза бо ҷинояткорӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷорӣ ба роҳ монда шуда, мақсади ниҳоии он таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад. Чунки манфиатҳои ғаразноки коррупсионӣ ба манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлату ҷомеа, сохт ва низоми идоракунӣ бархурд намуда, онро ҷиддан халалдор месозад. Ашхоси ба коррупсия гаравида ва ба он ғутида бо истифодаи ҳама гунатарзу усул ва роҳҳои қонунию ғайриқонунии бавосита бевосита вориди мақомот ва мансабу вазифаҳо дар идораҳои калидӣ ва хислати фармонравӣ, амрдиҳӣ хоҷагидорӣ ва молиявию моддӣ дошта гардида, дар маҷмўъ ба монанди занҷири пайваста бо такя ба дастгирию кўмаки ҳамдигар зери ниқоби шахси масъули идораҳо манфиатҳои ғаразноки худ ва ё ашхоси сеюмро қонеъ намуда, ҳамин тавр ҳисси нобоварии мардумро нисбат ба мақомотҳои дахлдор ва роҳбарони он бедор мекунанд.
Аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ мубориза алайҳи коррупсия авлавият бахшида шуда, Ҳукумати Тоҷикистон мунтазам ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб муқовиматро пурзўр менамояд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хусусигардонӣ», як қаттор кодексҳо, аз ҷумла Кодекси гумрук, андоз, меҳнат, маданӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд. Инчунин чораҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар карда шуд. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси ахлоқи хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, ки ҳамчун қонуну санадҳои ҳуқуқӣ муборизаро алайҳи коррупсия тақвият бахшиданд.
Дар ин самт аз ҷониби давлати Тоҷикистон маҷмўи қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҳия ва қабул гардиданд. Дар ҳаминҷо тазаккур бояд дод, ки барои вусъат бахшидан ба низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 январи соли 2007 таҳти №143 мақомоти нави дорои салоҳиятҳои махсус таъсис дода шуда, то имрўз сохтори он ва усулҳои мубориза бо ин падидаи номатлубу нангин такмил меёбад.
Дар њамин замина бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №222 аз 3 августи соли 2021 ҳуҷҷати муҳими барномавии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 барои марҳилаи якум(солҳои 2021-2025, қабул гардиданд, ки ҳамзамон Нақшаи тадбирҳои иҷрои Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он замима гардидааст, ки як қатор чораю тадбирҳои заруриро дар самти мубориза алайҳи коррупсия дар бар гирифтааст.
Тибқи муқаррароти ҳамин барномаи стратегӣ «Мубориза бо коррупсия иродаи қатъии роҳбарияти сиёсии мамлакат бо мақсади расидан ба тавофуқи (консепсияи) байни ҳамаи қувваҳои солимфикри ҷамъият, вусъати ботадриҷ ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати мубориза бо коррупсия мебошад, ки аз маҷмўи чораҳои ҳаматарафа ва пешгирикунанда дар таъмини ислоҳоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад».
Стратегияи мазкур ба ҳайси қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мазмуну муҳтаво ва принсипу муносибатҳои асосии онро муайян мекунад.
Вазифаҳои асосии стратегия пеш аз ҳама аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия; амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқобилият бо коррупсия; васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия; ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; тавсеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия иборат мебошад.
Муқовимат бо коррупсия ва маҳдуд сохтани амалу таъсири он зарур аст, ки ба таври дастаҷамъона, ҳаматарафа ва самаранок дар маҷмўъ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ ва бевосита шаҳрвандон сурат гирад, зеро сиёсати зиддикоррупсионӣ дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият ва ашхоси мансабдор ба зиддияти ошкору ниҳонӣ дучор гардад. Чунки ҳолат тақозои онро мекунад, ки чораю тадбирҳои муқовимат бо коррупсия ва таъмини иҷрои онҳо мунтазам таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, чораҳои каммаҳсул ошкор ва аз онҳо даст кашида шуда, чораҳои мушаххас ва таъсирбахш рўи кор гирифта, амалӣ гардонда шаванд.
Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби давлату ҷамъият ва омили устувори содир гаштани ҷиноят таърихи қадимаю тўлонӣ дошта, дар шаклҳои гуногун зуҳур мекунад. Аз ин рў, мақомоти дахлдор, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш аз ҳама намояндагони ҳокимияти судиро зарур аст, ки онҳо ҳангоми таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ва баррасии парвандаҳои марбут ба коррупсия тамоми дониш ва малакаи касбии худро ба кор бурда, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро ошкор намуда, бобати рафъи онҳо ва пешгирии содиршавии ин қабил ҷиноятҳо дар оянда чораю тадбирҳои асоснок ва муассир андешида, бобати такмилу тақвияти мубориза зидди ҷиноятҳои хислати коррупсионӣ дошта, таъсири мушаххасу воқеӣ расонанд.
Дар раванди муқовимат бо коррупсия ҷой, мавқеъ ва мақому мустақилият ва дахлнопазирии судҳо, такмилу таҳким додани фаъолият ва тарбияи тахассусию касбии судяҳо, беҳдошту таъмини моддию техникӣ ва маишии онҳо, аз ҷумла зиёд намудани музди маошашон аз ҷанбаҳои муҳим дар мубориза алайҳи коррупсия буда, дар ин роҳ ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлат ҷиҳати таҳкими мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва беғаразии ҳокимияти судӣ арзёбӣ мегардад.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти №271 сар карда, Барномаҳои ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва замимаи ба онҳо иловагардида тасдиқ карда шуданд, ки дар таҳкиму рушди ҳокимияти судӣ, такмили нақш ва мақоми ҳуқуқии он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муасиссаҳо, таъмини ҳаматарафаи қонунияту адолати иҷтимоӣ нақши муҳим доштанд. Бо қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор қонуну кодексҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақдири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Барномаи зикршуда бо ҳамин анҷоми мантиқии худро ёфта бошад ҳам, вале ислоҳоти ҳуқуқӣ идома меёбад.
Раиси суди н.Сангвор Салимзода М.Д.
Суд района Сангвор 

