Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашни миллиест, ки рӯзи 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Таърих: Ҳаракати дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX, аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзӯъ дар матбуоти кишвар сар зад. Зери таъсири чунин иқдомҳо ва шояд барои паст кардани шиддати вазъият дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон (№ 127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар бораи густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд. Вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рӯзи қабули қонуни «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ба се забон — тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ (№ 142, аз 11 августи соли 1989) қабул гардид. Қонуни мазкур барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян сохта буд: «Муқаррар карда шавад, ки дар органҳои ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар давраи гузариш аз соли 1990 то соли 1995 коргузорӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ буда, аз якуми январи соли 1996 ба забони давлатӣ сурат мегирад. Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид ва тибқи қонун забони тоҷикӣ (форсӣ) дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Мардуми Тоҷикистон бо шӯру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, бо ташаббуси Зафар Нозим «Бунёди забон» таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономӯзӣ ташкил карда шуд. Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992 ва нисбатан ором гаштани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи ҳалли масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, соли 1994 Қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи ҷашн гирифтани Рўзи забон» ба имзо расид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007—2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ҳамватанонро ба ин рӯзи фирӯз аз самими дил табрик намуда ба Шумоён осмони софу ватани орому ваҳдати доимиро таммано дорам. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед