падар дар маҷлиси падару модарон, ки аз ҷониби маъмурияти МТМУ-и №1 даъват шуда буд, ҳозир нагардид, ки ин рафтораш боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо гардид.
Бо қарори суди ноҳияи Сангвор шаҳрванд Қ.Д.С. барои он бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 340 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў бар хилофи талаботи моддаи 9 сархати 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки мутобиқи он падару модар дар таълими фарзанд уҳдадоранд, ки дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд, амал карда, санаи 07 апрели соли 2023 дар маҷлиси падару модарони синфҳои 8-и МТМУ №1 ноҳияи Сангвор, ки соати 11-30 дақиқа даъват карда шуда буд, бе ягон сабаби узурнок ҳозир нашудааст.
Санксияи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳоро дар намуди огоҳӣ ва ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст.
Аз як тараф сабаби содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур аз тарафи ҳуқуқвайронкунанда Қ.Д.С. ин беаҳамиятӣ, бепарвогӣ ва дуруст ҳис накардани масъулият оид ба уҳдадориҳояш бошад. Аз тарафи дигар, ин аз ҷониби масъулини МТМУ ба таври бояду шояд ба роҳ намондани вохўриҳою суҳбатҳо, ташвиқу таблиғоти қонунҳои ҷорӣ, аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо хонандагон ва волидайни онҳо ба шумор меравад.
Дар натиҷаи сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ мумкин аст, дар оянда дигар волидайн ин рафторро такрор намоянд.
Бинобар ин, падару модаронро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.