p; Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст. Стратегияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба иқдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шўрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои  террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд.

Интиқоли ҷангиён-террористон аз минтақаи Ироқу Сурия  ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хавфи зиёдро ба миён овардааст.

Ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда бо ин сохторҳо робитаҳои устувор дошта, дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд.

Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷўи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд. Ақидаҳои аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ паҳншаванда ба шуури афроди алоҳида таъсир расонида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш медиҳад.

Омилҳое, ки ба паҳншавии экстремизм, шомилшавии афроди алоҳида ба гурўҳҳои тундрав ва аз ҷониби онҳо содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта мусоидат мекунанд ё метавонанд дар оянда мусоидат намоянд, инҳо мебошанд:

1) сатҳи ҳанўз ҳам нокифояи самаранокии чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ, таъминоти илмӣ-методӣ, тайёрии касбии кормандони соҳаи мазкур ва ҷалби воситаҳои ахбори омма дар пешгирии экстремизм ва терроризм;

2)  осебпазирии муҳити динии кишвар аз ташвиқоти экстремистӣ бар асари донишҳои нокифояи динии аҳолӣ, рақобатпазирии нокифояи низоми ватании таҳсилоти динӣ, инчунин интишори  васеи маводи экстремистӣ;

3)  пурра истифода нагардидани зарфиятҳои низоми маориф ва сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон вобаста ба тарбияи сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва ватандўстӣ, пешгирии тундгароӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон;

4)  номукаммалии механизмҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавҷудияти ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва бюрократизм аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, ки метавонанд ба татбиқи кафолатҳои  риояи ҳуқуқҳои шахсият ҳамчун шарти таъмини рафтори қонунӣ ва пешгирии тундгароӣ дар ҷомеа мамониат намоянд;

5) аз ҷониби гурўҳҳои тундгаро истифода намудани мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳанўз пурра анҷом наёфтани раванди танзими санҷишҳои фаъолияти субъектони хоҷагидор ва коҳиши  сарбории андозҳои соҳибкорон, бекорӣ, болоравии нархи маводи ғизоӣ, масъалаи манзил ва мушкилиҳои дигар ҷиҳати расонидани таъсири бесуботкунанда ба аҳолӣ;

6) камбудиҳо доир ба ташкили фаъолияти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва эмин доштани онҳо аз таъсири гурўҳҳои экстремистӣ дар кишварҳои будубош, амиқ гардидани мушкилиҳои иҷтимоӣ дар оилаҳои дарватанмондаи муҳоҷирон, аз ҷумла оилаҳои тарккардашуда, мушкилии нигоҳубин ва тарбияи кўдакон дар шароити оилаи нопурра;

7) пурра ҳал нагардидани масъалаҳои таъминоти ташкилию техникии пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ ва амали хушунатомези хусусияти террористидошта дар муассисаҳои ислоҳӣ, таъсирнокии нокифояи пешгирии дохилимаҳбасии экстремизм;

8) нокифоя истифода гардидани имкониятҳои воситаҳои ахбори омма ҷиҳати пешбурди ташвиқоти зиддиэкстремистӣ, қавӣ набудани зарфиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба муқовимат бо кибер- экстремизм ва тафтиши киберҷиноятҳо, набудани ҳамкорӣ бо ниҳодҳои индустрияи глобалии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ;

9)  пурра ба ҳисоб нагирифтани омили гендерӣ зимни татбиқи чораҳои муқовимат ба таҳдидҳои экстремистию террористӣ;

10) сатҳи нокифояи  ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавҷуд набудани ташкилотҳои ғайридавлатии махсусгардонидашуда доир ба пешгирии экстремизм, камогоҳии ҷамоатҳои маҳаллӣ аз усулҳои пешгирии барвақтии ин зуҳурот;

Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ  мебошанд. Ҳадафҳои ниҳоии амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таъмини бехатарии аҳолӣ ва фазои амдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани эътимоду боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи авзои ороми сиёсию ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.