Мурофиаи сайёри судӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон санаи 30 сентябри соли 2024 парвандаи ҷиноятӣ нисбати А.Ш.Ғ. санаи таваллудаш 11 сентябри соли 1992, зодаи ноҳияи Сангвор, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бекор, оиладор соҳиби се нафар фарзанди ноболиғ, доғи судӣ надорад, депутат ва аъзои ягон ҳизб нест, мукофотҳои давлатӣ надорад, истиқоматкунандаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Чилдара, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар толори маҷлисгоҳи Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор баррасӣ карда шуд.

А.Ш.Ғ. барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 150 (яксаду панҷоҳ) соат, давомнокии иҷрои он на зиёда аз чор соат дар як рўз таъин карда шуд.

Ҳолати содир шудани ҷиноят чунин аст: шаҳрванд А.Ш.Ғ. соли 2012 бо шаҳрванд Ш.С.И. бо тариқи динӣ оила бунёд намуда, аз зиндагии якҷояи зану шавҳариашон соҳиби ду нафар фарзанд бо ному насаби А.Қ.Ш. санаи таваллудаш 12 апрели соли 2013 ва А.М.Ш. санаи таваллудаш 10 сентябри соли 2015 гардидаанд. Бо сабаби мувофиқ наомадани хислатҳояшон онҳо соли 2021 аз ҳам ҷудо шуда, бо хоҳиши якдигар фарзанди калониашон А.Қ.Ш. дар тарбияи падараш А.Ш.Ғ. ва фарзанди дигарашон А.М.Ш. дар тарбияи модарашон Ш.С.И. мондаанд. Аз ин рӯ, дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Сангвор аз 11 январи соли 2023 падарии судшаванда А.Ш.Ғ. нисбати фарзандонаш муқаррар карда шуда, аз ҳисоби судшаванда А.Ш.Ғ. ба фоидаи ҷабрдида Ш.С.И. барои таъминоти як нафар фарзанди ноболиғашон А.М.Ш. санаи таваллудаш 10 сентябри соли 2015 ба тариқи устувор ҳар моҳ ба андозаи 200 сомонӣ то ба синни балоғат расидани кӯдак алимент ситонида шудааст. Аммо судшаванда А.Ш.Ғ. ҳамчун падар ҳуқуқу манфиатҳои фарзанди ноболиғашро дағалона поймол карда, бар хилофи талаботи моддаи 80 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бадқасдона бидуни ягон сабаби узрнок аз иҷрои ҳалномаи суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзанди ноболиғаш муддати 22 моҳ саркашӣ намуда, ба огоҳии якчандкаратаи иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Сангвор дар хусуси сари вақт пардохт кардани маблағҳои алимент эътибор надодааст, ки дар натиҷа маблағи қарзи алименти насупоридаи ӯ 4400(чор ҳазору чорсад) сомониро ташкил додааст. Аммо дар рафти таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он судшаванда А.Ш.Ғ. маблағи қарзи алименти насупоридаашро ба андозаи 4400(чор ҳазору чорсад) сомонӣ пурра ба ҷабрдида пардохт  намуд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Аз ин рӯ, баргузор намудани чунин мурофиаҳои сайёри судӣ ва ташфиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Сангвор амали зарурӣ ва саривақтӣ буда, он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

Раиси суди н.Сангвор                                                      Салимзода М.Д.