Мурофиаҳои сайёри судӣ яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30.12.2023 сол, №668 дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, санаи 01 августи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор бо иштироки намояндаи  прокуратураи ноҳияи Сангвор, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳо, фаъолон ва сокинони ҷамоат аз ҷониби раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д. парвандаи ҷиноятӣ нисбати маҳкумшуда Қ.Ш.В., санаи таваллудаш 3 майи соли 1976, зодаи вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бекор, оиладор соҳиби 2 нафар фарзанд, қаблан бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 4 майи соли 2017 бо моддаи 130 прим 1 қисми 2  бандҳои “б,ё” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда бо дастрасии қисми 1 моддаи 15 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5(панҷ) сол, бо адо кардани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуда, санаи 30 октябри соли 2019 дар асоси моддаи 3 сархати 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” таҳти №1648 аз 25 октябри соли 2019 аз адои ҷазои боқимонда озод карда шудааст, депутат ва аъзои ягон ҳизб нест, мукофотҳои давлатӣ надорад, истиқоматкунандаи ноҳияи Сангвор, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор, бе мақсади ба соҳибияти  каси дигар додан ба миқдори кам,  мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа нисбати охирин ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1(як) солу 6(шаш) моҳ бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шуд.

Ҳолати содир шудани ҷиноят чунин аст: шаҳрванд Қ.Ш.В. баъди озод шуданаш аз адои ҷазо ислоҳ нагардида, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул нашуда, тахминан моҳи июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гипрозен бо шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум, ки нисбаташ қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди алоҳида ҷудо карда шудааст, ворхӯрда, ба вай 400 сомонӣ маблағ дода, хоҳиш кардааст, ки барои истеъмоли шахсиаш воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш” пайдо карда диҳад. Шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум, ки нисбаташ қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди алоҳида ҷудо карда шудааст, маблағро гирифта, дарҳол аз киссааш як миқдор воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш”-ро бароварда ба ӯ додааст. Ӯ вазни ин воситаи нашъадоро насанҷида, онро гирифта, сипас ба ноҳияи Сангвор ба хонааш оварда, пинҳон намуда, нигоҳ медоштааст ва баъзан вақт пинҳонӣ аз зану фарзандонаш кам-кам истеъмол мекардааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 7 майи соли 2024 дар манзили истиқоматиаш, аз дохили қуттии дар дохили ҷевони хонаи хобаш қарор дошта, маводҳои омехтаи рангаш сиёҳ ва маводи рангаш ҷигарии бӯи махсусдошта, дар намуди кулухча, ки бо ҳам фишурда шуда буданд, инчунин як зарфи плостикии оби нӯшокии 0.5 литра, ду адад оташфурӯзонак ва як қутти сигор дарёфт ва мусодира карда гирифта шудааст.

Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №334 аз 6 июни соли 2024, маводи аз манзили истиқоматии судшаванда Каримов Д.М. гирифта шуда, ба воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш” мансуб буда, вазни он 27,0611(бисту ҳафт бутуну даҳҳазору шашсаду ёздаҳ) гараммро ташкил медиҳад.

Ҳол он ки ӯ қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда, дар асоси қонуни авф пеш аз муҳлат аз адои боқимонда ҷазо озод карда шуда, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, исолоҳ нашудааст ва боз дар ҳолати редсидив даст ба содир намудани ҷинояти нав задааст, ки ин таассуфовар аст.

Бояд ёдовар шуд, ки баргузор намудани чунин мурофиаҳои сайёри судӣ ва ташфиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Сангвор амали зарурӣ ва саривақтӣ буда, он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

Раиси суди н.Сангвор                                              Салимзода М.Д.