МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Сангвор маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “31 – умин солгарди Конститутсия” бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Сараввал Раиси суди ноҳия Салимзода М.Д. ҳамаи судя ва кормандони дастгоҳи судро бо ин санаи тақдирсоз муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти кориашон муваффақияту бурдбориҳо орзу намуданд. Сипас, раиси суд Салимзода М.Д., судяи суди ноҳияи Сангвор Гулзода Ш.С. ва котиби маҷлиси судӣ Ҳусайнов Н.С. дар мавъзуҳо вобаста бо таҷлили рӯзи Конститусия баромадҳо намуда, ҳамаи иштирокчиён ва ҳамкасбонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуданд.
Суди ноҳияи Сангвор 