«Конститутсия — сарчашмаи қонунҳо ва инъикоскунандаи раванди демократикунонии ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикон»
Имрӯз санаи 06-уми ноябри соли 2025 дар қисми ҳарбии 02011 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва Суди ноҳияи Сангвор Конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия — сарчашмаи қонунҳо ва инъикоскунандаи раванди демократикунонии ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини якуми раиси ноҳия Муҳамадизода М. ва Раиси суди ноҳия Салимзода М.Д. иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ маърӯзаҳо дар самтҳои гуногуни рушди ҳуқуқӣ, таҷрибаи татбиқи меъёрҳои Конститутсия ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пешниҳод гардиданд.
Инчунин, ёдовар гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқӣ-конститутсиониро ба танзим медарорад. Муносибатҳои ҳуқуқӣ — конститутсионӣ гуфта, он муносибатҳоеро меноманд, ки асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори марзӣ-давлатӣ ва марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз рӯи усули таҷзияи ҳокимият, тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатиро дар бар гирифта, бо меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи қонунҳо мебошад, яъне тамоми қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат кунанд.
Дар анҷоми конференсия таъкид шуд, ки бо Қарори Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 баҳри амалӣ сохтани адолати судӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Баъдтар бо Қарори Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ – Душанбе, Хуҷанд, Хатлон ва пас аз он Хоруғ таъсис ёфтаанд.
Мувофиқи моддаи 61 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю корхона ва ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳди давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи ҳарбӣ ва дигар қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ адолати судиро ба амал мебароранд.
Дар қисмҳои ҳарбии дигар давлатҳо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адолати судӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофики созишномаҳои ба имзорасидаи байнидавлатӣ ба амал бароварда мешавад.
Судҳои ҳарбӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Принсипи ҳудудӣ дар маҳалли воқеъшавии гарнизонҳо таъсис дода шуда, аз судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.
Фаъолияти судҳои ҳарбӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ба таҳкими лаёқат ва омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ, интизоми ҳарбӣ ва тартиби муайянкардаи гузаштани хизмати ҳарбӣ, равон карда шудааст.
Суди ноҳияи Сангвор 