«Конститутсия — сарчашмаи қонунҳо ва инъикоскунандаи раванди демократикунонии ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикон»
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ва соҳибихтиёр гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурият пеш омад, ки мо- халқи Тоҷикистон Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худамонро таҳия ва қабул намоем.
Мақсад аз тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии конститусионии Тоҷикистон, ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни ҳақиқӣ ва таъмин намудани тараққиёти пуравҷи ҷумҳуриявӣ буд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шиносномаи давлати Тоҷикистон мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки пеш аз ин мардуми Тоҷикистон муқаррароти чор Конститутсияи даврони шўравиро паси сар намудааст, ки ин ҳам бошад аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 28 апрели соли 1929, дуюмаш аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 25 феврали соли 1931, сеюмаш Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 1 марти соли 1937 ва Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1978 қабул шудаанд.
Бо қарори раиси комиссияи конститутсионӣ аз 26 июли соли 1993 мӯҳтарам Э. Раҳмон — Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, 4 сентябри соли 1993 якумин маҷлиси ин комиссия баргузор шуд ва дар он зарурияти аз нав сар кардани кор оиди лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.
Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияи президентиро ба муҳокимаи мардум пешниҳод карда, бо назардошти эродҳои мардум ба он тағйиротҳои лозимӣ дароварда, 21-22 апрели соли 1994 ин лоиҳаро дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ интишор намуд ва муҳокимаи он оғоз гардид. 21-22 июли соли 1994 Конститутсия дар иҷлосияи 19 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида ба райпурсӣ тавсия карда шуд.
Мардуми Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 1994 тавассути райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибихтиёри хешро қабул намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда:
-боби якум асосҳои сохтори конститутсионӣ ном дошта, аз моддаи 1 то моддаи 13;
-боби дуюм ҳамчун инъикоскунандаи ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд аз моддаи 14 то моддаи 47;
-боби сеюм аз моддаи 48 то моддаи 63;пурра ба сохтор ва салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда,
-дар боби чорум сухан дар бораи Президент, салоҳияти Президент, санадҳои ҳуқуқии Президент ва дахлнопазирии Президент рафта, аз моддаи 64 то моддаи 72 дар бар мегирад;
— боби панҷум аз моддаи 73 то модда 75 сохтор ва ваколатҳои Ҳукумат таҷассум ёфта,;
-боби шашум Ҳокимияти маҳаллӣ ном дошта, аз моддаи 76 то моддаи 80;
-боби ҳафтум ВМКБ ном дошта, аз моддаи 81 то моддаи 83;
-боби ҳаштум аз моддаи 84 то моддаи 92 ба низом, сохтор ва салоҳияти суд бахшида шудааст;
-боби нуҳум Прокуратура ном дошта, аз моддаи 93 то моддаи 97;
-боби даҳум тартиби тағйири Конститутсия ном дошта, аз моддаи 98 то моддаи 100-ро дар бар мегирад.
Агар ба таври дигар гӯем мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 давраи ҳозираи барпоёбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва хусусиятҳои он, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ, сохти марзию маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳуриро инъикос мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқӣ- конститутсиониро ба танзим медарорад. Муносибатҳои ҳуқуқӣ- конститутсионӣ гуфта, он муносибатҳоеро меноманд, ки асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори марзӣ-давлатӣ ва марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз рӯи усули таҷзияи ҳокимият, тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатиро дар бар гирифта, бо меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама:
- халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- давлати соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ВМКБ;
- мақомоти давлатӣ;
- вакилони халқ;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа;
- иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- мақомоти марзии худидораи ҷамъиятӣ мебошанд.
То имрӯз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, ин 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016. Ҳадаф аз ворид намудани тағйироту иловаҳо дар он буд, ки баъзе меёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ мутобиқ кунонида, ба раванди демократикунонии ҷомеа мусоидат кардан. Аз ин лиҳоз соли 1999 пас аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парламенти касбӣ таъсис дода шуд, ки он аз ду палата Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.
Яке аз дастовардҳои тағйироту иловаҳои баъдӣ бошанд, ин бо мақсади таҳия намудани таклифҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, хоста гирифтан, пешбарии номзадҳо ба мансаби судягӣ, озод намудани судяҳо аз вазифа, ташкил намудани имтиҳоноти тахассусӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми коллегиалӣ — Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъсис додаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи қонунҳо мебошад, яъне тамоми қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат кунанд.
Дар сурати ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зид будани қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди дигар санадҳои ҳуқуқӣ онҳо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи муқаррар кардаи қонун бекор карда мешаванд. Дар навбати худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи раванди демократикунонии ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикон меноманд, ки ин пеш аз ҳама дар ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва қабули қонунҳои нав баҳри мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дида мешавад. Ба ин мисол шуда метавонанд: Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ., ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.
Фарқияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, аз Конститутсияҳои пешин дар ин аст:
Тарзи қабули он. Бори нахуст халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита худаш дар райпурсии умумихалқӣ иштирок намуда, ин ҳуҷҷати тақдирсозро қабул намуд.
Пайдоиши боби алоҳида дар хусуси асосҳои сохтори конститутсионӣ. Агар ба Конститутсияҳои давраи шӯравӣ назар афканем дар онҳо ингуна боби алоҳида дида намешавад.
Бори аввал дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ҳолати ҳуқуқии инсон дар вазъияти фавқуллода ба танзим дароварда шудааст. Умуман дар Конститутсияи замони шӯравӣ фақат дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрванд сухан мерафту халос. Ҳол он ки мафҳуми инсон нисбат ба мафҳуми шаҳрванд васеъ буда, зери мафҳуми инсон ҳам шаҳрвандон ҳам, шахсони хориҷӣ ва ҳам шахсони бетабаа фаҳмида мешавад. Аммо дар конститутсияҳои замони шӯравӣ танҳо вазъи ҳуқуқии шаҳрванд муқаррар ва ҳимоя карда шудааст. Ҳанӯз соли 1948 Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардида, дар он вазъи ҳуқуқии ҳамаи инсонҳо зери ҳимоя қарор гирифтааст.
Салоҳияти ҳифзи конститутсия, ки ин салоҳият аз тарафи Суди конститутсионӣ ба амал бароварда мешавад. Тарзи ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамояд.
Воқеан, мо ҳама зода ва дастпарварони ҳамин мулкем. Миёни мо тафриқаандозӣ, ҷудоӣ андозӣ, хусумат дар пояи бадбинӣ нисбат ба принсипҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ на бояд арзи ҳастӣ дошта бошад. Дар воқеъ давлат барои халқ аст на халқ барои давлат.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи муқаддаси худ қарор додааст.
Ҳоло мо дар арафаи ҷашнгирии 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шуморо ҳамкасбони азиз ба муносибати иди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дарози бобаракат, шодкомӣ ва пирӯзиву бурдбориҳо хоҳонам.
Раиси суди н.Сангвор Салимзода М.Д.
Суди ноҳияи Сангвор 