КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ САҲМ ВА НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲИЯ ВА ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 04 ноябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи “Саҳм ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш судяи суди ноҳияи Сангвор Гулзода Ш.С., муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадизода М.М. ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Сангвор Собирзода А. иштирок намуда, суханронӣ карданд.

Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маълумоти сиёсиву ҳуқуқии сокинони ноҳияи Сангвор, бахусус ҷавонон зарур ва саривақтӣ буда, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷалби неруи созандаи насли наврас ва ҷавон ба равандҳои рушди устувори давлатдорӣ дорои аҳамияти хос мебошад.