Конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия — арзишмандтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва нақши он дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд»
Санаи 05-уми ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва Суди ноҳияи Сангвор Конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия — арзишмандтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва нақши он дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд» баргузор гардид.
Дар кори конференсия Раиси суди ноҳия Салимзода М.Д., муовини якуми раиси ноҳия Муҳамадизода М., Прокурори ноҳия Шомирзода Б. иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ маърӯзаҳои илмӣ дар самтҳои гуногуни рушди ҳуқуқӣ, таҷрибаи татбиқи меъёрҳои Конститутсия ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми конференсия таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пояи устувори давлатдории миллӣ минбаъд низ раҳнамои амалии тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ хоҳад буд.
Суди ноҳияи Сангвор 