ИСТИҚЛОЛИЯТ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ! Истиқлолият ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон шароиту имконоти мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти худ марҳалаҳои хеле вазнину пурхатарро паси сар намуда, санҷишҳои вазнини иҷтимоиву сиёсиро паси сар намуд. Имрўз ин кишвари шукуфон аз як мамлакати ҷангзадаву буҳронӣ ба як макони аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст, ки дастовардҳои он далели пешравии тамоми соҳаҳо мебошанд. Зарурати таърихии инкишофи ояндаи миллати тоҷик дар замони муосир талаб менамояд, ки гуфтаҳо, амалҳо ва нақшаҳои кормандони мақомоти гуногунзинаи давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри рушду нумўи давлат, соҳибмаърифат гардонидани шаҳрвандон ва баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа бояд равона гардад. Имрўз бо қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ба василаи ин кўшишҳо озодии сиёсӣ ва якпорчагии кишварро ҳифз карда тавонистем. Барои мо, тоҷикон, туҳфаи таърих буд, ки ба сари давлат шахсияти боиродаю ватанпараст ва ҷасуру миллатдўст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Танҳо иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист садди роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гардад. Мо дар остонаи ҷашни Рўзи Истиқлолият қарор дорем. Ин ҷашн аз дигар ҷашнҳову идҳо бо моҳияти созандагиву муттаҳидсозии худ фарқ мекунад. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу истиқлолро ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳем кард. Мусибате, ки солҳои 90-ум ба сари халқи тоҷик омада буд, метавонист якпорчагии давлати моро халадор намуда, ба парокандашавии халқи куҳанбунёди мо оварад. Ин боз як санҷиш барои халқи азизамон буд. Хушбахтона, халқи фарҳангсолори мо бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қавииродаву матин мебошад, ки тавонист Тоҷикистони азизро аз ин хатар эмин дорад. Имрўз Тоҷикистон тавонист истиқлолияти худро таҳким бахшад ва ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ ва ба дастовардҳои назаррас дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ ноил гардад. Тоҷикистон имрўз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор буда, Истиқлолияти комилу беназири он ин арзиши бебаҳо, нерўи қавӣ ва кафили рушди устувори мамлакат мебошад. Дар шароити кунунӣ таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.