Хоинони миллат-пайравону ҷонибдорони ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ имрўзҳо сулҳу субот, оромии кишварамон, ваҳдати миллӣ ва пешравиҳое, ки Ватани азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ноил (ҳам дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмиллалӣ) гаштааст, воқеан дидан наметавонанд ва эътироф кардан намехоҳанд.

Барои  хоинони миллат мафҳумҳои муқаддаси Ватан, модар, миллат, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш ва қадре надорад. Онҳо танҳо манфиатҳои худро меҷӯянд, ки ин ба ҳамагон маълум аст. Ҳол он ки миллати тоҷик таърихи бостониву пурифтихор, фарҳанги қаддима, забони ширину шоирона, расму ойинҳои ҳазорсола ва мазҳаби худро дорад ва ба онҳо арҷ мегузоранду, онҳоро дӯст медоранд. Хоинони миллат бошанд, инро дарк намекунанд ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд, ки ин ҳама тенҷию оромӣ ва сарҷамъии мардуми моро пароканда намоянд.

Даҳсолаҳои охир баъзе доираҳои манфиатҷӯй исломро ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ истифода карда, боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон шуда истодаанд. Мо чунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро ҳамеша маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таассуби динӣ мубориза мебарем. Чунки хурофот садди роҳи пешрафт мебошад ва мо оқибатҳои ин раванди хатарнокро дар мисоли баъзе кишварҳои минтақа дида истодаем. Гузашта аз ин, хурофот-ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ки бесаводиву бемаърифатӣ асоси он мебошад, сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ба ҳисоб меравад. Маҳз бо дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулгароямон мо дар кишвар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро таъмин кардем ва боз ҳам бо заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон хисороти ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, барои расидан ба марҳалаи рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ кушодем.

Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти моддаи 8 қисмҳои 4 ва 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бар хилофи оинномаи худ амал намудан ва ба сохтори конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овардани хатар ва таҷовузҳои ҷинояткорона 30 сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломро ва ва сипас Паймони миллиро мамнуъ намуд ва онро ҳамчун ташкилоти террористӣ-эстремистӣ (ТТЭ) эълон кард.