Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт боиси ҷазои маъмурӣ гардид.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 3.02.2025 сол шаҳрванд У.Д.В. барои он бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300(сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 21600(бисту як ҳазору шашсад) сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5(панҷ) сол таъин карда шуд, ки ў санаи 01.02.2025 сол тахминан соати 22-15 дақиқа, дар ҳолати мастӣ сари чамбараки автомашинаи тамғаи «ТОЙОТА ЛЭНД КРУЙЗЕР» рақами қайди давлатиаш 00-08EN 01 нишаста, онро идора намудааст. Ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сайёд ба самти Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор, дар ҳудуди деҳаи Сабзихарф ӯ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада ба девори ҳавлии манзили истиқоматии шаҳрванд И.А.О. бархӯрдааст, ки дар натиҷа воситаи нақлиёт зарари техникӣ бардоштааст. Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони ХРД-и ГБДА-и ШВКД дар ноҳияи Сангвор ошкор карда шуда, ҳолати мастиаш  ошкор карда шудааст.

Қарори мазкур, дар қисми ҷаримаи маъмурӣ ба тариқи маҷбурӣ ба иҷро расонида шуда, шаҳодатномаи ронандагии У.Д.В. бо талони қайди ҳуқуқвайронкуниаш баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори мазкур барои иҷроиш ба РШБДА РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт равон карда шуд.

Бинобар ин, ҳар як ронандаро зарур аст, ки баъди нӯшидани машруботи спиртӣ аз идора намудани воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд, то ин ки ба ҳаёт ва саломатии худ ва дигарон зарари моддию ҷисмонӣ нарасонанд.

 

Раиси суд                                                                       Салимзода М.Д.