Маркази матбуот Хабарҳо (Page 4)

Хабарҳо

АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ КАНОРА ҶӮЕМ Имрузҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, кишвари моро дар хориҷи мамлакат бисёр давлатҳо расман мешиносанд ва муносибаҳои дӯстию бародариро ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо новобаста аз нигоҳҳои сиёсӣ, этиқод ба ин ё он дин, инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд. Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ ТЭТ ҲНИ худро канор гирифта, баҳри пешбурду гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳм гузорем…

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ОМИЛИ ХЕЛЕ ХАТАРНОК ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ Ҷаҳони ҳастӣ аз замони пайдоиш то ба имрӯз сол аз сол рушду пешрафт намуда, ба инсонҳо шароити хуби зиндагӣ фароҳам шуда истодааст. Аммо дар баробари ин ҳама пешравиҳо ҷаҳони имрӯзаро як қатор омилҳои хавфноку хатарзо фарогир шуда, таҳдиди ин хатарҳо танҳо бар зарари миллатҳо ва одамони он пешбинӣ шудааст. Яке аз ин хатарҳои хавфноку нигароникунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тероризм ва экстремизм ба ҳисоб рафта, амалҳои террористи ва экстремистӣ амали номатлуб дониста шудааст. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифродгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор рафта, ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон кардааст. Бинобар ин, ҳамаи қишри ҷомеаро зарур аст, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо намуда, муборизаи ҷоннок намоянд. Терроризм ва экстремизм ин худ шакли пинҳонии хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва динӣ буда, он пеш аз ҳама, ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Он аз нуқтаи назари ҳуқуқ содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ва амалҳои зарароварро ба миён меорад. Имрӯзҳо терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо террорризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ афзоиш ёфтааст. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Тавре огаҳем, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии сарвари сулҳхоҳу сулҳпарвараш ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт пайваста тадбирандешӣ менамояд. Гурӯҳҳои террористиро ифротгарён ташкил медиҳанду вобста ба ҳар роҳе нафарони нохудогоҳро ба сӯи худ мебаранд. Сарчашмаи тамоми бадбахтиҳо ва носозиҳо ин бехабар будан аз худогоҳии миллӣ, нарасидан ба қадри гузаштагони худ ва саводи кофӣ надоштан аз дину таърихи хеш, инчунин бепарво будан нисбат ба неъмати бебаҳо, яъне меҳану давлат шаҳодат медиҳад. Бояд зикр намуд, ки ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул нахоҳем кард, зеро он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол менамояд. Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, амнияти минтақа ва ҷаҳонро таҳдид менамояд. Ватан-модар ба ҳеҷ ваҷ хиёнаткорро намебахшад. Мутаасифона ватани мо низ аз хиёнаткорон орӣ набуда, ин нафарон мақсадҳои нопоки худро бо фармони хоҷагони худ сӯиистифода аз дини мубини ислом амалӣ менамоянду пайваста баҳри нооромиву вайрон намудани давлати ободамон талош меварзанд. Аммо давлату миллати мо муттаҳид буда, ҳеҷ вақт ин хоинони зархарид ба мақсади нопоки хеш намерасанд. Имрӯзҳо мебинем, онҳо аз хориҷ истода лоф аз ватанхоҳӣ мезананду бо суханҳои пучу бемаънияшон танҳо организми хунхори худро сер мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳҳои террористӣ дар олам зиёд буда, ҳар яки онҳо паи амалу мақсадҳои нопоку нанговар амал менамоянд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусиятҳои миллӣ ва глобалӣ касб намуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн кардааст. Ва барои аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Вобаста ба ин замоне расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кишварҳои олам дар якҷоягӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд ва давлатҳое, ки аз зуҳури чунин гуруҳҳо манфиатдоранд аз амалҳои зиддибашарии худ даст кашанд. Ин иқдом боиси аз байн бурдани оби чашми кӯдакони парешон, гиряи модарон дар кишварҳои зери сояи ҷанг хоҳад шуд. Бо ин васила мо метавонем барои ояндагон сарзамини ободу осоишта ва ори аз қатлу кушторро ба мерос гузорем. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ аст. Бинобар ин, барои пешгирӣ намудани амалҳои ноинсонӣ, сар карда аз тамоми сохторҳои марбута, ниҳодҳои фарҳангиву сиёсӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҳама шаҳрвандони ватанпарварро мебояд, беш аз пеш бо ҳар роҳу воситаҳо ин зуҳуроти номатлубро бартараф намоем. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҷангҷӯву ҷангхоҳ набошем, то насли имрӯзаву ояндаи ин сарзамин, ин ҷаҳон дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад. Раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.

Қаллобӣ боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва таъини ҷазо гардид! Чунончӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 4.07.2023 сол шаҳрванд Р.М.Ш. барои он бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин ќисми модда бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200(дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 12800 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 2 сол таъин карда шуда, ки ӯ санаи 14 октябри соли 2021 бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба мағозаи тиҷоратии шаҳрванд Ҷ.Ҷ.С., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Вахиё, деҳаи Сайёд рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда маҳсулотҳои хӯроквориро, дар умум ба маблағи 4547 сомонӣ гирифта, ҷабрдида Ҷ.Ҷ.С-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати 6 моҳ пас аз фурухтан бармегардонад. Ҷабрдида Ҷ.Ҷ.С. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, бехабар аз мақсадҳои ғаразноки охирин ин маҳсулотҳоро ба судшаванда додааст. Лекин судшаванда Р.М.Ш. ин маҳсулотҳоро дар мағозааш ба шаҳрвандон фурухта, маблағи онҳоро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Ҷ.Ҷ.С-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Ғайр аз ин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 15 октябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Г.М.Р. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Дараи-Себак рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 4 сар чорвои калони шохдор ва 100кг асалро, ҷамъ ба маблағи 26000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида Г.М.Р-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як ҳафта бармегардонад. Ҷабрдида Г.М.Р. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, бехабар аз мақсадҳои ғаразноки охирин 4 сар чорвои калони шохдор ва 100кг асалро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 4 сар чорвои калони шохдор ва 100кг асалро фурухта, маблағи онҳоро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Г.М.Р-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари калони моддӣ расонидааст. Ба ғайр аз ин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 15 октябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Ш.Ҳ.Ҳ. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Миёнаду рафта, ба боварии охирин даромада, 1 сар чорвои калони шохдорашро ба маблағи 10000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 5000 сомониашро дода, фиреб кардааст, ки 5000 сомонии боқимондаашро дар муҳлати як-ду ҳафта пардохт менамояд. Вале судшаванда Р.М.Ш. ҷабрдида Ш.Ҳ.Ҳ-ро фиреб дода, маблағи боқимондаро бо ҳар баҳона барнагардонида, бо ин кирдораш ба ҷабрдида Ш.Ҳ.Ҳ. зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Инчунин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 28 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Ш.И.Ҳ. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Дараи-Себак рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 1 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 7500 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида Ш.И.Ҳ-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як-ду ҳафта пас бармегардонад. Ҷабрдида Ш.И.Ҳ. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, бехабар аз мақсадҳои ғаразноки охирин 1 сар чорвои калони шохдорро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 1 сар чорвои калони шохдорро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Ш.И.Ҳ-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Ҳамчунин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 28 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида С.С.Д. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Миёнаду рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 1 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 5100 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида С.С.Д-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як-ду ҳафта пас бармегардонад. Ҷабрдида С.С.Д. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, бехабар аз мақсадҳои ғаразноки охирин 1 сар чорвои калони шохдорро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 1 сар чорвои калони шохдорро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида С.С.Д-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Ғайр аз ин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 28 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Д.Д.Х. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Дараи-Себак рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 1 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 6700 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида Д.Д.Х-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як-ду ҳафта пас бармегардонад. Ҷабрдида Д.Д.Х. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, 1 сар чорвои калони шохдорро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 1 сар чорвои калони шохдорро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Д.Д.Х-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Ба ғайр аз ин, судшаванда Р.М.Ш. такроран тахминан санаи 28 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Ш.Р.Ҳ. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Миёнаду рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 2 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 20000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст ва ҷабрдида Ш.Р.Ҳ-ро бовар кунонидааст, ки ин маблағро дар муддати як моҳ пас бармегардонад. Ҷабрдида Ш.Р.Ҳ. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, 2 сар чорвои калони шохдорро ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 2 сар чорвои калони шохдорро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, ҷабрдида Ш.Р.Ҳ-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. Такроран, судшаванда Р.М.Ш. тахминан санаи 29 ноябри соли 2022, бо мақсади тассаруф намудани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ ба манзили истиқоматии ҷабрдида Ш.Р.Ҳ. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Заршӯён, деҳаи Миёнаду рафта, ба боварии охирин даромада, аз номбурда 18 зарфи пластикии асал, ки вазни умумиашон 642кг-ро ташкил медод, ба маблағи 32100 сомонӣ нархгузори карда ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ маблағашро бармегардонад. Ҷабрдида Ш.Р.Ҳ. ба суханони бардурӯғи судшаванда Р.М.Ш. бовар карда, 18 зарфи пластикии асалро ба маблағи 32100 сомонӣ ба судшаванда додааст. Аммо судшаванда Р.М.Ш. 18 зарфи пластикии асалро фурухта, маблағи онро ба манфиати худаш масраф намуда, Ш.Р.Ҳ-ро бо ҳар баҳона фиреб дода, маблағи номбурдаро барнагардонида, ба охирин зарари калони моддӣ расонидааст. Ҳамин тариқ, судшаванда Р.М.Ш. такроран дар ҳашт ҳолат аз ҷабрдидаҳо Ҷ.Ҷ.С., Г.М.Р., Ш.Ҳ.Ҳ., Ш.И.Ҳ., С.С.Д., Д.Д.Х. ва Ш.Р.Ҳ. дар маҷмӯъ ба андозаи 106947 сомониро тасарруф карда, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба ҷабрдидаҳои номбурда зарари моддии ҷиддию калон расонидааст. Судшаванда Р.М.Ш. дар рафти тафтишоти пешакӣ маблағи зарари моддии ба ҷабрдидаҳо расонидаашро ба андозаи 106947 сомонӣ ба пуррагӣ барқарор намудааст. Раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 23.06.2023 сол шаҳрванд О.Д.З. барои он бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15(понздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1020(як ҳазору бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў санаи 12 июни соли […]

Аз ҷониби шахси мансабдор бе баррасӣ монондани таъйиноти хусусӣ ё наандешидани чораҳо вобаста ба иҷрои он боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо гардид: Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 7.06.2023 сол шаҳрванд Р.А. барои он бо моддаи 531 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 5(панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 340(се саду чил) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў дар рафти адои ваколатҳои хизматии худ ҳамчун шахси мансабдор таъиноти хусусии маҷлиси судии суди ноҳияи Сангвор аз 3 марти соли 2023-ро бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Х.И.А. бо моддаи 234 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри минбаъд бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ворид гардида буд, ба зимма гирифта, дар ин хусус чораҳои дахлдор наандешида, бе сабабҳои узрнок дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун ба унвонии суди ноҳияи Сангвор сари вақт ҷавоб надодааст. Раиси суд Салимзода М.Д.

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 3.07.2023 сол шаҳрванд Ќ.А.А. барои он бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5(панҷ) сол таъин карда шуд, ки ў санаи 29.06.2023 сол тахминан […]
Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 29.06.2023 сол шаҳрванд А.Х.Б. барои он бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 50(панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 3400(се ҳазору чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў санаи 16 майи соли 2023 дар […]
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гуруҳҳои
Шомилшавии баъзе аз ҷавонон ва шаҳрвандони калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта, имрӯз на танҳо кишвари моро, балки авзои ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби
Чунончӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 7.04.2023 сол шаҳрванд А.Ш. барои он бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо моддаи 245 қисми 2 банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 547(панҷсаду чилу ҳафт) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, […]