Бо роҳи фиреб тасарруф намудани молу мулки ғайр боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва таъини ҷазо гардид!

Бархе мардум аз содагӣ ва ё зудбоварӣ ба доми фиреби ҳар касу нокас афтода, мутеъву побанди фитнаи ашхоси қаллоб мегарданд. Шояд ин содагиву зудбоварӣ аз софдилию боинсофии чунин шахсон маншаъ гирад. Софдилие, ки дар бештари маврид боиси пайомадҳои ногувор ва зиёни маънавию моддӣ дар рӯзгори онҳо мегардад.

Мақсад аз овардани чунин муқаддима аз он иборат аст, ки солҳои охир ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бо тариқи қаллобӣ тасарруф кардани маблағ ва амволи шаҳрвандон, зиёд ба чашм мерасад. Қиёсу таҳлили масъалаи мавриди таваҷҷуҳ собит менамояд, ки дар бештар мавридҳо ба хотири ба даст овардани фоидаи шахсӣ худи ҷабрдидагон ба содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 7.04.2023 сол шаҳрванд А.Д.С. барои он бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 400(чорсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 27200(бисту ҳафт ҳазору дусад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд, ки номбурда тахминан санаи 20 августи соли 2022 бо мақсади фоидаи муфт ба даст овардан бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида Р.С.Д. даромада, худашро корманди КДАМ муаррифӣ намуда, ваъда додааст, ки вайро ба ҳайси ронанда дар шуъбаи амнияти ноҳияи Сангвор ба кор таъмин мекунад ва барои ин кор аз Р.С.Д. 1100 сомонӣ маблағ гирифта, ба манфиати шахсиаш масраф намудааст.

Баъди ин, ӯ тахминан рӯзи 7 сентябри соли 2022, барои иваз намудани шиноснома аз Р.С.Д. 400 сомонӣ маблағи пулӣ гирифта, ба ноҳияи Нуробод рафтааст ва аз он ҷо бо рақами мобилии махфӣ ба Р.С.Д. занг зада, боз 300 сомонии дигар талаб намуда, ҷамъ 700 сомониро гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ғайр аз ин, ў такроран тахминан рўзи 15 сентябри соли 2022 бо рақами мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро шеф муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб аз охирин барои ба Федератсияи Россия рафтанаш 1500 сомонӣ маблағ гирифта, онро ба манфиати шахсиаш харҷ намудааст.

Судшаванда А.Д.С. ба ин қаноат накарда, тахминан рўзи 18 сентябри соли 2022, боз бо рақами телефони мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро корманди КДАМ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб аз вай 1500 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш масраф намудааст.

Судшаванда А.Д.С. кирдори ҷинояткоронаи худашро идома дода, тахминан санаи 25 сентябри соли 2022, ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо рақами телефони мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро шеф-корманди КДАМ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида даромада, гуфтааст, ки бинобар пайдо шудани зарурият ба корти миллии “Душанбе ситӣ”, ки ба писари бародараш С.Ҷ. тааллуқ дошт, 800 сомонӣ гузаронад. Р.С.Д. ба суханони судшаванда А.Д.С. бовар карда, ба корти миллии гуфтаи судшаванда маблағи 800 сомониро гузаронидааст. Судшаванда А.Д.С. ин маблағро аз корти номбурда гирифта, ба манфиати худаш масраф намудааст.

Инчунин, судшаванда А.Д.С. тахминан рўзи 5 октябри соли 2022 барои роҳкиро пайдо кардан бо рақами телефони мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро шеф-корманди КДАМ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб 200 сомониро гирифта ба шаҳри Душанбе сафар намудааст.

Судшаванда А.Д.С. кирдорҳои ҷинояткоронаи худашро идома дода, тахминан санаи 20 октябри соли 2022, бо рақами телефони мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро шеф-корманди КДАМ муаррифӣ намуда, гуфтааст, ки аз кумита барояш як автомашинаи тамғаи “НИВА” рақами давлатиаш 1111 мебошад, гирифтааст ва ҳоло барои ў маблағи 800 сомонӣ зарур аст ва ба Р. С.Д. гуфтааст, ки 800 сомонӣ ба А.Д. диҳад. Ҷабрдида Р.С.Д. ба суханони судшаванда бовар карда, ин маблағро бурда ба дасти А.Д. супоридааст. А. Д.С. ин маблағро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 

Ғайр аз ин, судшаванда А.Д.С. тахминан рўзи 9 ноябри соли 2022, боз бо рақами телефони мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро корманди КДАМ муаррифӣ намуда, гуфтааст, ки барои ба кор гирифтан ному насабаш доғдор буда, онро бояд иваз кунад. Бо ҳамин роҳ, ў боз аз Р.С.Д. 900 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш масраф намудааст.

Ба ғайр аз ин, судшаванда А.Д.С. тахминан рўзи 15 ноябри соли 2022, боз бо рақами телефони мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро шеф-корманди КДАМ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб аз Р.С.Д. 200 сомонии дигар гирифта, ба манфиати шахсиаш масраф намудааст.

Инчунин, судшаванда А.Д.С. тахминан рўзи 25 ноябри соли 2022, такроран бо рақами телефони мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро корманди КДАМ муаррифӣ намуда, ҷабрдидаро фиреб дода гуфтааст, ки барои оилаи Т. 800 сомонӣ лозим аст. Р.С.Д. ба суханони А.Д.С. бовар карда, ба А.Д.С ин маблағро додааст ва охирин ин маблағро ба манфиати худаш масраф намудааст.

Ҳамчунин, судшаванда А.Д.С. рўзи 4 январи соли 2023, бо рақами телефони мобилии махфӣ ба телефони мобилии Р.С.Д. занг зада, худашро корманди КДАМ муаррифӣ намуда, бо ҳамин роҳ, аз Р.С.Д. 500 сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш масраф намудааст.

Ҳаминтариқ, судшаванда А.Д.С. бо ин кирдорҳои қасдонааш дар умум маблағи 9000(нуҳ ҳазор)  сомонии Р.С.Д-ро тасарруф намуда, ба ў зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

Судшаванда А.Д.С. дар рафти тафтишоти пешакӣ зарари бо ҷиноят расонидаашро пурра барқарор намудааст.

Мутаассифона, дар амалишавии ҷиноят аз ҷониби А.Д.С. худи ҷабрдида то андозае мусоидат намудааст.

  Раиси суди

ноҳияи Сангвор                                                                           Салимзода М.Д.