Бешубҳа, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард мебошад ва ҷавонони синни даъватӣ бояд хизмати Ватан‐Модарро сарбаландона иҷро намоянд. Барои насли ояндасози кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт ва мардиву ҷасорат аст. Маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонписарон сабақи шуҷоату садоқатмандӣ гирифта, муҳофизати хоки поки Ватанро меомӯзанд. Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишвар аст. Намунаи беҳтарин изҳори ватандӯстӣ хизмат кардан ба Ватан аст. Ин маъниро ҷавонони ватандӯсти ноњияи Сангвор, ки зода ва истиқоматкунандаи ин диёр мебошанд, бо дилу ҷон эҳсос намуда, омодагии хешро барои ҳимояи марзу буми кишвар иброз доштанд. Ин буд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дар рӯзи аввали даъват санаи 01 октябри соли 2023 ихтиёран аз ҳисоби ҷавонписарони ноҳия пурра ба анҷом расонида шуд.