бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо гардид:

Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 23.06.2023 сол шаҳрванд О.Д.З. барои он бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15(понздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1020(як ҳазору бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў санаи 12 июни соли 2023 тахминан соати 10-00 дақиқа бо автомашинаи шахсиаш тамғаи “ТАЁТА-КОРОЛА” рақами қайди давлатиаш 62-78ОС 01 дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Раиси суди ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.