Бархе мардум аз содагӣ ва ё зудбоварӣ ба доми фиреби ҳар касу нокас афтода, мутеъву побанди фитнаи ашхоси қаллоб мегарданд. Шояд ин содагиву зудбоварӣ аз софдилию боинсофии чунин шахсон маншаъ гирад. Софдилие, ки дар бештари маврид боиси пайомадҳои ногувор ва зиёни маънавию моддӣ дар рӯзгори онҳо мегардад.

Мақсад аз овардани чунин муқаддима аз он иборат аст, ки солҳои охир ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бо тариқи қаллобӣ тасарруф кардани маблағ ва амволи шаҳрвандон, зиёд ба чашм мерасанд. Қиёсу таҳлили масъалаи мавриди таваҷҷуҳ собит менамояд, ки дар бештар мавридҳо ба хотири ба даст овардани фоидаи шахсӣ ва фурӯши амвол худи ҷабрдидагон ба содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, шаҳрвандон ҳангоми барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи худ, талаботи қонунро сарфи назар намуда, сари вақт ҳуҷҷатҳои лозимиро дастрас накарда, роҳи ҳарчӣ тезтар ва осон иҷрои шудани корҳояшонро меҷӯянд. Аз ин муносибати содалавҳонаи онҳо шахсони фиребгару маккор истифода намуда, маблағҳои онҳоро гирифта, ба манфиати худашон масраф намуда, шаҳрвандонро бо ҳар баҳона овора мекунанд.

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати К.К.З. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки санаи 01 октябри соли 2020 ҷабрдида Т.Л.Р. бо мақсади қонунан ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани 0.10 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ воқеъ дар ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Чилдара, деҳаи Шакоб барои маслиҳат ба назди раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор К.К.З. омадааст. К.К.З. аз ҳолати мусоид истифода карда, қасдан бо мақсади фоидаи муфт ба даст овардан, аз вазифаи хизматии худ истифода бурда, бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида Т.Л.Р. даромада, охиринро бовар кунонидааст, ки бар ивази маблағи 3500(се ҳазору панҷсад) сомонӣ қитъаи замини мазкуро ба номи бародараш Т.Р.Р. ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Ҷабрдида Т.Л.Р. аз рӯи надонистани қонунҳои ҷорӣ дар соҳаи замин ба суханҳои К.К.З. бовар карда, розӣ шудааст. Баъдан К.К.З. ин маблағро аз ҷабрдида Т.Л.Р.  дар се ҳолат, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи борварӣ тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ғайр аз ин, К.К.З. бо тасарруфи маблағҳои мазкур қонеъ нагардида, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода ба ҷабрдида Т.Л.Р.  супориш додааст, ки тавассути автомашинаи боркашаш, ки тамғаи “КАМАЗ” мебошад, се маротиба барои таъмири НФС-и бародараш К.И.З. сангу шағал кашонда барад. Т.Л.Р. бо мақсади ҳарчӣ тезтар иҷро шудани корҳои бародараш супориши К.К.З-ро бо масраф намудани маблағи 1500 сомонӣ иҷро намудааст.

Ҳаминтариқ, К.К.З. бо ин кирдорҳои қасдонааш маблағи 5000(панҷ ҳазор) сомонии Т.Л.Р-ро тасарруф намуда, ба манфиати худаш масраф карда, ба фоидаи ҷабрдида ягон амалро иҷро накардааст, ки дар натиҷа бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор К.К.З. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Мутаассифона, дар амалишавии ҷиноят аз ҷониби К.К.З. худи ҷабрдида то андозае мусоидат намудааст.

Барои ба доми қаллобон наафтидан, шаҳрвандон бояд дар мавриди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда худашон ба мақомотҳои дахлдори босалоҳият тибқи қонун бевосита муроҷиат намоянд, то ин ки дар оянда ба доми фиреби қаллобон наафтанд.