Аз ҷониби шахси мансабдор бе баррасӣ монондани таъйиноти хусусӣ ё наандешидани чораҳо вобаста ба иҷрои он боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо гардид: Бо қарори судяи суди ноҳияи Сангвор аз 7.06.2023 сол шаҳрванд Р.А. барои он бо моддаи 531 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 5(панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 340(се саду чил) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, ки ў дар рафти адои ваколатҳои хизматии худ ҳамчун шахси мансабдор таъиноти хусусии маҷлиси судии суди ноҳияи Сангвор аз 3 марти соли 2023-ро бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Х.И.А. бо моддаи 234 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри минбаъд бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ворид гардида буд, ба зимма гирифта, дар ин хусус чораҳои дахлдор наандешида, бе сабабҳои узрнок дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун ба унвонии суди ноҳияи Сангвор сари вақт ҷавоб надодааст. Раиси суд Салимзода М.Д.