Аз ҷониби падар ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳӣ нарасида боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо гардид!
Тибқи муқаррароти моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда шудааст.
Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳии дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.
Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад.
Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад.
Аммо дар ҷомеаи мо шахсоне ёфт мешаванд, ки ин талаботи қонунро мадди назар намуда, онро дағалона вайрон карда, фарзандонашонро бармаҳал, яъне дар синни ноболиғӣ ба шавҳар медиҳанд.
Чунончӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 14.04.2023 сол шаҳрванд А.Г.С. барои он бо моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ дар доираи санксияи ин модда ҷазо таъин карда шуд, ки номбурда ҳамчун падар дидаю дониста санаи 19 ноябри соли 2022, духтари ноболиғаш К.М.Г. санаи таваллудаш 25 феврали соли 2005-ро, ки ба синни никоҳӣ нарасида буд, тариқи расму оинҳои динӣ ба шаҳрванд Қ.Д.Р. санаи таваллудаш 18 сентябри соли 2001 ба шавҳар дода, ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғро дағалона поймол намудааст.
Бинобар ин шаҳрвандонро зарур аст, ки нисбат ба тақдири ояндаи фарзандони худ бемасъулият набошанд ва талаботи қонунҳоро дақиқ риоя намоянд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.