ҲАРГИЗ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД КАСЕ, КИ ХИЁНАТ МЕКУНАД! Истилоҳи бадӣ, зишткорӣ дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадиву бадкирдорӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромиро ба миён меорад. Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд соҳиби хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ, некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. На бадбину бадхоҳ, хиёнаткору вайронкор, чун бархе аз шаҳрвандони кишвари мо, ки номи ин нафаронро мардум бо нафрат ба забон мегиранд. Зеро онҳо бо амалҳову ақидаҳои нопокашон ба мардуми худ, ба Ватани худ, ки дар ҳаминҷо бавоя раисдаанду зери обу ҳавои ин миллат ба воя расидаанд, имрӯз ба он хиёнат кардаанд, ки нобахшиданист. Зеро ҳам амали нек ва ҳам амали бад дар зеҳни мардум хуб нақш мебандад ва солҳо боқӣ мемонад. Ин нокасон дар зеҳни мардум чун хоинони миллат нақш бастаанд ва то абад чунин номи сиёҳ мемонад. Ин сиёҳдилон, ки ақидаҳои ифротгароиро дар байни мардум пош мекунанд, ҳаргиз ба мақсади худ намерасанд. Зеро тулӯи ҳақиқат чун офтоби нурафшон аз баландиҳо дурахшон аст. Мо дар кишвари биҳиштосо, зери ҳавои софу беғубор, бо нозу неъматҳои фаровон дар фазои оромиву осудагӣ умр ба сар мебарем, ки ин худ давлати басо калон аст. Банда ба ҳамаи мардуми сарбаланду баору номуси кишвар муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ҳамеша бар он ҷаҳд намоем, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона ба касе кумак расонем. Касеро хушдилу осуда гардонем. Ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ гузорем, то зинданом бошем. Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд. Шахси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша дар назди ҷомеа сияҳрў аст.