Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо гардид!
Бо ҳукми суди ноҳияи Сангвор аз 12.04.2023 сол шаҳрванд Ғ.Х.Д. барои он бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 200 (дусад) соат, давомнокии иҷрои он на зиёда аз чор соат дар як рўз таъин карда шуд, ки номбурда санаи 15 ноябри соли 2022 тахминан соати 11-00 дақиқа бар хилофи талаботи моддаи 70 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, худсарона бе иҷозатномаи хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор дар мавзеи “Таркат”-и дараи Лухарвии Ҷамоати деҳоти Заршўёни ноҳияи Сангвор панҷ адад дарахти сабзи фарки қутрашон 12см ва 40 буттаи сабзи талох, срей, олучаи ҷангалӣ ва гузукро, ки ба гурўҳи ҷангалзорҳои якум шомил мебошанд, бо мақсади ҳезум намудан бо арраи техникӣ буридааст, ки дар натиҷа сабзиши ояндаи онҳоро пура имконнопазир гардонида, бо ин кирдораш ба хоҷагии ҷангали ноҳия ба андозаи 3200 сомонӣ зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.
Бо ҳукми суд аз ҳисоби маҳкумшуда Ғ.Х.Д. ба фоидаи хоҷагии ҷангали ноҳия маблағи зарари расонидашуда ба андозаи 3200 сомонӣ рӯёнида шуд, ки он дар ин давом ба иҷро расонида шуд.
Раиси суди
ноҳияи Сангвор Салимзода М.Д.