Қ А Р О Р

аз 23-юми январи соли 2023                                                                 н.Сангвор

Раиси суди  ноҳияи  Сангвор  Салимзода М.Д. дар маҷлиси ошкорои сайёри  судӣ дар толори маҷлисгоҳи Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда: Б.Х.Р. санаи таваллудаш 2 октябри соли 1984, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопурра, бекор, оиладор соҳиби 3 нафар фарзанд, қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, истиқоматкунандаи ноҳияи Сангвор, Ҷамоати деҳоти Тавилдара, деҳаи Зуғара бо моддаи 474(2) қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дода,–

муайян   кард:

Ҳуқуқвайронкунанда Б.Х.Р. талаботи моддаи 8 қисми 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро, ки мутобиқи он таълими динӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур баъди гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст, дағалона вайрон намуда, таълими диниро ғайриқонунӣ ба роҳ монда, охирин маротиба моҳи ноябри соли 2022 бе иҷозатномаи давлатӣ дар манзили истиқоматиаш ҳамсари бародараш Ҷ.Қ.П-ро таълимоти динӣ дода, бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии дар моддаи 474(2) қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Б.Х.Р. гарчанде ба таври дахлдор аз вақт ва маҳалли мурофиаи судӣ огоҳ карда шуда бошад ҳам, вале бо сабаби ба суд номаълум ба мурофиаи судӣ ҳозир нашуд. Бинобар ин, судя ба хулоса омад, ки баррасии парвандаи мазкурро бо дастрасии моддаи 26 қ. 2 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғоибии ҳуқуқваронкунанда Б.Х.Р. баррасӣ намояд.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Б.Х.Р. дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 474(2) қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин далелҳо аз ҷумла, қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баёноти хаттиии худи ҳуқуқвайронкунанда Б.Х.Р., баёнотҳои шоҳидон С.А., Р.Ф.С., фиттаи сабти видеоӣ, суратлавҳаҳо, маълумотномаи ҳайати оила ва дигар далелҳои дар қабати парвандаи маъмурӣ гирдовардашуда тасдиқ мегардад.

Ҳамин тариқ, судя далелҳои овардаро дар маҷмуъ баҳои ҳуқуқӣ дода, ҳаракатҳои Б.Х.Р-ро бо моддаи 474(2) қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, агар чунин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад, пешбинӣ намудааст, банду баст менамояд.

Ба сифати ҳолатҳое, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.Х.Р. ҷазоро сабук мекунанд, мувофиқи муқаррароти моддаи 49 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба гуноҳаш иқрор шуданаш ба шумор меравад.

Тибқи моддаи 50 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро вазнин мекунанд, судя дар кирдори Б.Х.Р. пайдо накард.

Санксияи моддаи 474(2) қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаро ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз навад то яксаду панҷоҳ нишондиданда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 11 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки нисбати шахси воқеии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ мешавад, бояд одилона сурат гирад, яъне ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳои содир намудан ва оқибатҳои бавуҷудомадаи он, шахсияти гунаҳгор ва эътибори кории шахси ҳуқуқӣ мувофиқ бошанд.

Мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 12 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, бояд чунин ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъйин ва татбиқ карда шаванд, ки барои ислоҳи ў ва пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дигар аз ҷониби ҳамин шахс ё шахсони дигар зарур ва кифоя бошанд.

Бинобар ин, судя ҳангоми интихоб ва таъини намуд ва андозаи ҷазои маъмурӣ ҳолатҳои сабукдунандаи ҷазо, хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолати содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ, шахсияти гунаҳгоро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбати Б.Х.Р. дар доираи санксияи моддаи 474(2) қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаро дар ҳадди поёниаш ба фоидаи давлат таъин намояд.

Дар асоси овардаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 135, 140-142, 148-150   Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя-

қарор  кард:

Б.Х.Р. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 474(2) қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 90(навад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5760(панҷ ҳазору ҳафтсаду шаст) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Аз хусуси қарори мазкур дар муҳлати даҳ шабонарўз аз лаҳзаи ба ҳуқуқвайронкунанда супорида шудан ё нусхаи қарорро гирифтани ў тавассути ҳамин суд ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ овардан мумкин аст.

Судя                                                                                            Салимзода М.Д.